ВидеоМуҳоҷирон

ДУ СОЛ ҲУКМИ ЯК ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ АЗ САРИ ДЕВОР БА ДОХИЛИ ЗИНДОН ПАРТОФТАНИ 166 КАПСУЛА

Додгоҳи ноҳияи Желелнодорожнийи шаҳри Пензаи Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми кӯшиши ба дохили маҳбас интиқол додани маводи мамнӯъ ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ин бора рӯзи 29 марти соли 2023 нашрияи маҳаллии “Пензенская правда” хабар дод.
Худи тоҷики маҳкумшуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот, дар аввали моҳи октябри соли 2022  ӯ дар шаҳри Маскав бо як нафари аз ҷониби тафтишот шахсияташ муайяннашуда дар бораи ба маҳбаси №4 дар шаҳри Пенза расондани маводи мамнӯъ тавофуқ кардааст. Ин жзодаи Тоҷикистон ба шаҳри Пенза омада, аз як нафари дигари узви ин ҳалқаи ҷиноӣ 166 капсула бо маводи мамнӯъро гирифта, рӯзи 9 октябри соли 2022 талош кардааст, ки ду баста бо ин капсулаҳоро аз сари девор ба даруни маҳбас партояд. Аммо дар ин лаҳза кормандони бахши фаврии маҳбас ҳаракатҳои ӯро тавассути видеокамераҳо мушоҳида карда, омада, дастгираш кардаанд.

Хадамоти матбуоти додгоҳи ноҳияи Железнодорожний дар шарҳи ин парванда гуфт: “Дар ҷараёни мурофиа айбдоршаванда гуноҳаш дар содир кардани ин ҷиноятро пурра эътироф кард. Додгоҳ ҳангоми судури ҳукми худ бархе ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла дар тарбияи айбдоршаванда қарор додани фарзандони ноболиғ, мусоидати фаъолонаи ӯ ба ошкор шудан ва тафтиши ин ҷиноятро ба инобат гирифт”.

Ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон алакай қувваи қонунӣ гирифта, ба иҷро даромадааст.

Бино ба омори Идораи федералии зиндонҳои Русия (ФСИН), дар зиндонҳои ин кишвар тақрибан 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан чоряки онҳо барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ, нигоҳ доштан ва фурӯши маводи мухаддири асосан сохти Афғонистон дар Русия зиндонӣ шудаанд. Зодагони Тоҷикистон дар Русия ҳамчунин барои ҷиноятҳое, чун тақаллуби аснод, убури ғайриқонунии марзҳои Русия, ё барои садамаҳо зиндонӣ мешаванд. Вале тоҷикҳое низ ҳастанд, ки дар Русия барои ҷиноятҳое, чун дуздӣ, вай барои аъмоли сангинтаре, чун куштору ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Маҳбусони тоҷик дар яке аз маҳбасҳои Русия

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button