ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

САДАМАИ САХТИ 4 МУҲОҶИР ДАР САРАТОВ. ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ҲОЛАТИ КОМА ҚАРОР ДОРАД (АКС)

Субҳи 26 марти соли 2023 дар натиҷаи як садамаи сахт дар ҳудуди ноҳияи Фёдорови вилояти Саратов дар ҷануби Русия 4 муҳоҷир  – 3 шаҳрванди Тоҷикистон, синнашон 41, 24 ва 18-сола ва як шаҳрванди 22-солаи Ӯзбекистон ҷароҳат бардоштаанд. Ду нафари онҳо дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ҷавони 22-сола аз Ӯзбекистонро бо осеби мағзи сар ва қабурғаҳои шикаста бистарӣ кардаанд. Ҷавони 24-солаи тоҷик ба иллати шикастани устухони косахонаи сараш дар ҳолати кома қарор дорад. Дар бораи ин садамаи мудҳиш нашрияи маҳаллии ИА “СаратовБизнесКонсалтинг” (”СарБК”) хабар дод.

 Бино ба маълумоти муқаддамотии  ГИБДД, ё пулиси роҳи вилояти Саратов, субҳи 26 март, соати 09:26, дар километри 390-уми роҳи Озинки як ронандаи 39-сола аз уҳдаи идораи мошини тамғаи “Хендэ Солярис” баромада натавонист ва дар натиҷа, мошин аз роҳ хориҷ шуд. Бар асари ин садама ронанда ва се мусофирашро бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон бурдаанд.

Вазири тандурустии вилояти Саратов Олег Костин иттилоъ додааст, ки дар ин мошин шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ: се нафар аз Тоҷикистон ва як нафар аз Ӯзбекистон сафар доштанд.

Бино ба маълумоти Костин, вазъи ду шаҳрванди Тоҷикистон, О.Р. ва Б.Т., ки ба гуфтаи ӯ, 41 ва 18 сол доранд, хуб буда, ба онҳо танҳо табобати амбулаториро тавсия додаанд, вале вазъи ду нафари дигар вазнин арзёбӣ мешавад. А.Х., шаҳрванди 22-солаи Ӯзбекистонро бо осеби мағзи сар ва қабурғаҳои шикаста бистарӣ кардаанд, вале шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон Ш.Х. ба сабаби шикастани устухони асосии косахонаи сараш дар ҳолати кома қарор дорад.

Роҳи Озинки ба яке аз гузаргоҳҳои асосӣ дар марзи Русия бо Қазоқистон мебарад. Муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон маҷбуранд, ки ҳар сари чанд вақт аз ин марз убур карда, боз ба Русия баргарданд, то ки будубоши худро дар Русия боз аз сари хат, аз сифр шурӯъ кунанд.

Тақрибан ҳар моҳ дар бораи дар роҳҳо ба тарафи марзи Русия бо Қазоқистон дучори садамаҳо шудани муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон хабарҳо ба даст мерасанд.

1. А.Х. (м) – 22 года, Узбекистан.
Диагноз: Закрытая черепно-мозговая травма. Сотрясение головного мозга? Перелом рёбер.
Состояние тяжёлое.
Госпитализирован в Фёдоровскую районную больницу.
2. Ш.Х. (м) – 24 года, Таджикистан.
Диагноз: Перелом основания черепа. Кома I.
Состояние тяжёлое.
Госпитализирован в Фёдоровскую районную больницу.
3. О.Р. (м) – 41 год, Таджикистан.
Диагноз: Ссадины, ушибы туловища.
Состояние удовлетворительное.
После проведённого обследования назначено амбулаторное лечение.
4. Б.Т. (м) – 18 лет, Таджикистан.
Диагноз: Ссадины лица.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button