ВидеоҲодисаҶомеа

БОЗДОШТИ РОНАНДАЕ, КИ ДУХТАРРО МАҶБУРАН БА МОШИНАШ БОР МЕКАРД (ВИДЕО)

Рӯзи 9 марти соли 2023, ҳамагӣ як рӯз баъди иди занону модарон, дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки дар он лаҳзаи маҷбуран ба як мошини тамғаи “Лада Приора”, рақамаш 00 60 UO 01 бор кардани як духтари ҷавон сабт шуда буд. Дар видео дида мешуд, ки як ҷавон духтарро маҷбур ба даруни мошин тела дода, бор карда истодааст ва пойҳои духтарро қат мекунад, то дари мошинро пӯшида тавонад. Наворбардор ҳамчунин дар сабт нишон дод, ки ҳодиса дар назди коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе рух дода истодааст.

“Бинед, чӣ хел дар рӯзи равшан аз назди коллеҷи тиббӣ духтаронро маҷбуран ба мошин бор карда, бурда истодаанд”, – мегӯяд наворбардор.

Раёсати корҳои дохилии  шаҳри Душанбе шоми 9 март хабар дод, ки бо гузашти ҳамагӣ ду соат ба кормандони милитсияи пойтахт муяссар шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ, ҷавони дар навор инъикосёфтаро муайян ва дастгир намуда, ба мақомоти милитсия дастрас кунанд.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон дар шарҳи ин моҷаро гуфт: “Муайян гардид, ки ронандаи воситаи нақлиёти мазкур, шаҳрванд Содиқов Аминҷон Ҷумахонович, санаи таваллудаш 01.01.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ буда, он ҷавондухтаре, ки дар навор инъикос ёфтааст, ҳамсараш мебошад. Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурда санаи 9-уми март, тахминан соатҳои 16:00, ҳангоми дар кӯчаи Камонгарон назди Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ қарор доштан, бо сабабҳои ночизе бо ҳамсараш муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст”.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба дастгиршуда Содиқов Аминҷон маводи зарурӣ тартиб дода шуда, барои қабули қарори қонунӣ ба додгоҳи ноҳияи Сино ирсол карда шудааст. Милитсия шарҳ надодааст, ки Аминҷон Содиқовро ба чӣ айбдор мекунанд? Вале зоҳиран сухан дар бораи майдаавбошӣ меравад ва Содиқовро барои ин ҷарима ваё то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button