ТАРКИШИ ГАЗ ДАР ҚАҲВАХОНАИ “ШЕЛБИ” ДАР МАҲАЛЛАИ “ЯКУМ СОВЕТСКИЙ”(АКС)

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе бо нашри як акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки субҳи 7 марти соли 2023, соати 06:30 дар қаҳвахонаи «Шелби», воқеъ дар нишонаи кӯчаи Борбад, бинои №1, таркиши балони газ ба вуқуъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи таркиш қисмати шишагии қаҳвахона осеб дида, хушбахтона, ба ягон нафар зарари ҷисмонӣ нарасидааст.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.
Милитсияи Душанбе гуфт, санҷиши пурраи ӽодиса идома дорад.

Қаҳвахонаи “Шелби” дар маҳаллаи “Якум Советский” ҷойгир шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дар қаҳвахонаҳои Душанбе таркиши балони газ рух медиҳад.

Субҳи 20 июни соли 2022, соати 09:20 дар қаҳвахонаи як замон машҳури “Лола”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, 13 (паҳлуи кинотеатри “Ватан”) балони гази моеъ таркида, дар пайи он дар даруни қаҳвахона дар масоҳати 5 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омада буд. Дар видеоҳои нашршуда дида мешуд, ки аз даруни ин қаҳвахона дуд берун меояд ва бар асари таркиш шишаҳои он шикаста, рӯи кӯча пур аз шишапора шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он вақт “риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ”-ро сабаби таркиш балони газ дар қаҳвахонаи “Лола” номида, гуфт, дар натиҷаи ин ҳодиса як шаҳрванд ҷароҳати сӯзиши бадан бардоштааст, вале фавти одамон ба қайд гирифта нашудааст.

ВКД гуфт, сӯхтор аз тарафи оташнишонон ба зудӣ дар масоҳати аввалааш, яъне ҳамон 5 метри мураббаъ хомӯш карда шуд.

ВКД гуфт, қаҳвахонаи “Лола” ҳоло  ба соҳибкор Муродалиев Додхоҳ Саидқулович, санаи таваллудаш 15 июни соли 1970 тааллуқ дорад. Ин қаҳвахона дар замони Шӯравӣ аз маҳбубтарин қаҳвахонаҳои пойтахти Тоҷикистон ба шумор мерафт ва ба вижа бо яхмоси болаззати худ ва ҳам бо табакаҳое, ки ошпази номиаш акаи Саидаҳмад мепухт, ном бароварда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button