СВЕТЛАНА ТИХАНОВСКАЯ, ЗАНЕ, КИ ЛУКАШЕНКОРО ДАР ИНТИХОБОТ ШИКАСТ ДОД, ДАР ҒАЙБАШ БА 15 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Минск дар ғайбашон ду раҳбари мухолифини Беларусро маҳкум ба зиндон кард. Ба иттилои маркази ҳуқуқи инсони “Вясна”, Светлана Тихановская, рақиби асосии ҳокими худкомаи Беларус Александр Лукашенко дар интихоботи президентии соли 2020, ба 15 соли зиндон ва Павел Латушко ба 18 соли зиндон маҳкум шуданд.

Хабаргузории давлатии Белта хабар дод, ки додгоҳ Тихановская ва Латушкоро дар қасди ғасби ҳукумат, ташкил ва роҳбарии созмонҳои ифротӣ, даъватҳои оммавӣ ба ғасби ҳукумат, барангехтани кинаву адовати иҷтимоӣ гунаҳкор донистааст.

Кумитаи тафтишоти Беларус “тафтиши вижа” ба зидди намояндагони Шӯрои ҳамоҳангсоз, як ниҳоди раҳбарии мухолифинро моҳи октябри соли 2022 оғоз кард. Мурофиаи парванда 17 январи соли 2023 оғоз ёфт. Адвокатҳои Тихановская ва Латушко хостори қатъи ин парвандаи, ба гуфтаи онҳо, бофта шуданд, вале додгоҳ ин дархостро рад кард.

Светлана Тихановская дар интихоботи президентии соли 2020, ба ҳисоби коршиносони мустақил, бар президенти вақти Беларус Александр Лукашенко ғолиб омад, вале Комиссияи марказии интихобот Лукашенкоро пирӯз эълон кард, ки ин боиси эътирозҳои густарда дар Беларус шуд. Баъди интихобот Тихановскаяро тақрибан бо фишор аз Беларус берун карданд ва ӯ ҳоло дар Британия ба сар мебарад. Дафтари Тихановская ва Шӯрои ҳамоҳансозро мақомоти амниятии Беларус “созмонҳои террористӣ” эълон кардаанд.

Сергей Тихановский, шавҳари Светлана Тихановская, ки то соли 2020 як блогери машҳур ва муассиси канали “Страна для жизни”  дар Ютуб буд, 29 майи соли 2020 дар шаҳри Гродно дар натиҷаи як иғвои мақомот дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории Светлана Тихановская дастгир ва моҳи декабри соли 2021 бо иттиҳомоте, чун ташкили бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаю адоват ва мамониат ба кори комиссияи интихобот ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Моҳи феврали соли 2023 ба ҳукми ӯ барои саркашӣ аз иҷрои амри зиндонбонҳо боз якуним соли дигар илова карданд.

Рӯзи 6 март музояда барои фурӯши манзили сеҳуҷрагии Тихановскийҳо дар шаҳри Минск низ бояд доир мешуд, вале ба далели ёфт нашудани ягон харидор ин музояда барпо нашуд. Ин манзил дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Минск ҷойгир шуда, нархи аввалияаш 214 ҳазору 860 рубли Беларус (ҳудуди 85 ҳазор доллар) муқаррар шуда буд. Манзили Тихановскийҳо моҳи сентябри соли 2022 ба ҳабс гирифта шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button