ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ПАСИ ЗАҲРОЛУДШАВИИ САДҲО ДУХТАР ДАР ЭРОН КӢ МЕИСТАД? (ВИДЕО)

Бо гузашти 4 моҳ аз аввалин ҳодисаи заҳролудшавии духтарони мактабхон дар шаҳри Қуми Эрон ва ҳамчунон беист идома доштани чунин ҳолатҳо дар саросари кишвар, то ба ҳол мақомоти эрон ягон нафар аз омилони ин ҳамлаҳои кимиёиро шиносоӣ ва боздошт накардаанд. 

Дар ҳоле, ки рӯзи якшанбе 5-уми марти соли 2023 боз мактабҳои духтарона дар даҳҳо шаҳри Эрон ҳадафи ҳамлаи густардаи кимиёӣ қарор гирифтаанд, раисҷумҳури Эрон ин ҳамалотро “тавтеаи ҷадиди душман” хонд, вале матбуоти Эрон бошад ба “як шайтанати донишомӯзон барои таътил кардани дарсҳо” рабт дод.

Президент Иброҳим Раисӣ дар суханрониаш дар нишасти ҳайати давлат, бидуни ироаи санаде даъво кард, ки заҳролудкунии донишомӯзон ба ҳадафи “илтиҳобофаринӣ” дар ҷомеа,  ва “дар ташвиш мондани зеҳни умум” аз сӯи “душманон” сурат гирифтааст. 

Мақомоти Эрон дар бисёре аз бӯҳронҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар давоми 44 соли ҳукумати худ, маъмулан талош мекунанд бо рабт додани парвандаҳо ба “душманон”, “ҷосусҳои хориҷӣ”, “режими саҳюнистӣ”(дар Эрон аз Исроил чунин ном мебаранд) ҳар гуна масъулиятро аз гардани худ соқит кунанд.

Алиризо Назарӣ, намояндаи Маҷлиси шӯрои исломӣ, парлумони Эрон гуфтааст, “ин моҷаро тавтеае аз сӯи душманони низом аст ва онҳо доранд аз ин тариқ ба низом латма мезананд. Дасти душман дар кор аст ва мумкин аст бархе аз муаллимон ҳам пушти қазия бошанд”.

Намояндаи дигари ин маҷлис Меҳрдод Вайс Карамӣ гуфтааст, ки “ин масмумиятҳо (заҳролудкуниҳо) навъе аз интиқом гирифтан аз ҷавонон ва бахусус навҷавононе аст, ки дар раҳпаймоии бошукӯҳи 22-и баҳман ҳузури густарда доштанд”.

Ин ҳама иттиҳомот дар ҳоле зада мешавад , ки ягон сохтори давлатии Эрон мадрак ва санаде барои исботи гуфтахои худ намеоранд.

Хабаргузории Форс, ки мутаалиқ ба Сипоҳ аст, дар як гузориши худ ин ҳамаро “шайтанати худи кӯдакон” номид. Вале дар ҳамин ҳол вазири тандурустӣ, вазири маориф, пизишкони бемористонҳо ва баъзе намояндагони маҷлис ҳамагӣ ин ҳодисаҳоро “ҳамлаи кимиёву биологӣ” меноманд.

Бино ба гузоришҳо, танҳо дар рӯзи 5-уми март, 120 мактаби духтарона дар шаҳрҳои Теҳрон, Исфаҳон, Ҳамадон, Шаҳриёр, Занҷон, Аҳвоз, Кошон, Табрез, Ийлом, Рашт, Машҳад, Нишопур, Язд, Фулодшаҳр, Ҳаштгард, Халхол, Абҳар, Ромҳурмуз, Сарбандар, Бардаскон, Гунбади Ковус, Малоир, Шероз, Мароға, Бушаҳр, Ободон, БандарАббос, Милорд, Гелони ғарбӣ, Кирмоншоҳ, Хуй, Хуррамобод ва Қум ҳадафи ҳамлаи густардаи кимиёӣ қарор гирифта, садҳо талаба бо нишонаҳои нафастангӣ, дилбеҳузурӣ, коҳиши зарбаҳои қалб дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Теъдоди зиёди духтарони бистаришударо муовини бемористони Донишгоҳи улум ва пизишкии Аҳвоз низ тасдиқ карда гуфтааст, “дасти кам 312 донишомӯзи духтар аз вилояти Хузистон ба далели ҳамалоти кимиёӣ ба мадорис ба бемористонҳо мунтақил шуданд”.

То ба ҳол бо гузаштани чунин вақти тӯлонӣ ва густарда шудани ин ҳолатҳои заҳролудшавӣ дар мактабҳои асосан духтаронаи Эрон, мақомоти Ҷумҳурии исломӣ ва дастгоҳҳои амниятии ин кишвар то кунун ба сурати расмӣ ҳеҷ фард ва ё гурӯҳеро ба унвони омили аслии ҳамлаҳо номбар ва ё боздошт накардаанд. Бисёриҳо бар ин гумонанд, ки “худи ҳукумат дар паси ин ҳамлаҳои кимиёӣ асту он кори дасти мақомоти қудратии Эрон аст”.

Бино ба навиштаи матбуоти озоди форсизабон, “бисёре аз фаъолони сиёсӣ, пизишкон ва ҳамчунин аъзои анҷуманҳои синфӣ-фарҳангӣ дар Эрон мегӯянд, ки ин ҳамалот барномарезишуда ва ҳамоҳанг ба мадорис ва ҳамчунин бо истифода аз газҳои махсусе, ки дар дастраси умум нест, наметавонад ба гурӯҳи худсар ва ё мазҳабиҳои тундрав рабт дошта бошад”.

Заҳро Раҳнавард ва Мирҳусайн Мӯсавӣ

Дар ҳамин ҳол, Заҳро Раҳнавард, аз мухолифини ҳукумати Эрон, собиқ ректори Донишгоҳи “Ал-Заҳро”, ҳамчунин ҳамсари сарвазири собиқ Мирҳусайн Мусавӣ ва аз роҳбарони Ҷунбиши сабз”, ки 13 сол боз дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад, бо нашри як паёми табрикотӣ бахшида ба иди 8-уми март навиштаааст, ки: Аммо дареғ ва сад афсӯс ба ин айём дар Эрон. Ҷое, ки дар он “духтаркушӣ” ба унвони зишттарин ва мусибатбортарин сенарияе зидди зан ба дасти ҷараёнҳои муртаҷеъ ва бо ҳимояти ҳокимон, ё бо сукути онон ва тазоҳурашон ба беиттилоӣ ба саҳна омадааст. Ин интиқомҷӯӣ аз духтаракони маъсуми дабистонӣ ва дабиристонӣ ва духтарони донишҷӯ бад-он хотир аст, ки ҳокимон ононро бахше аз ҷунбиши эътирози “Зан, зиндагӣ, озодӣ” медонанд, ки ба раҳбарии занон барои додхоҳӣ аз Маҳсо Аминӣ ва ба манзури эътироз нафақат ба ҳиҷоби иҷборӣ, балки ба ҳар навъ истибдод ва иқтидоргароӣ алайҳи зиндагии шахсӣ ва хусусии онон оғоз шуд”.

Заҳролудшавиҳои силсилавии  духтарон дар Эрон боиси нигаронии ҷомеа ҷаҳонӣ гардидааст. Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст: Агар мушаххас гардад, ки заҳролудкунии духтарон дар макотиби Эрон ба эътирозоти онҳо рабте дошта бошад, Созмони Милали Муттаҳид вазифадор аст як гурӯҳи вижае барои таҳқиқи ин масъала ба Эрон бифиристад”.

Рӯзи 7-уми марти соли 2023 дар чандин шаҳри Эрон муаллимон ва падару модарони хонандагони макотиби миёна даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо аз беаҳамиятии ҳукумат нисбат ба ин қазия норозигии худро баён карданд. Вале нерӯҳои давлатӣ дар шаҳрҳои Машҳад, Исфаҳон, Караҷ, Рашт, Санандаҷ, Марвон, Лоҳиҷон, Аҳвоз, Бобул ва Шероз муътаризонро боздошт кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button