АВБОШИИ МАРДУ ЗАН ДАР КОНИБОДОМ, ҒОРАТГАРӢ ДАР “ПОДЗЕМКА”-И ПЕШИ СИРК ВА 13 ҲАЗОР ДОЛЛАР БАРОИ ҚИТЪАИ ЗАМИН

Зани 33-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Конибодом 4-уми марти соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, дар ошхонаи «Ваҳдат»-и ҳамин шаҳр, ҳангоми хӯрок омода намудан аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати якдигар дашномҳои қабеҳ гуфта, бе ягон асос ҳамдигарро лату кӯб намуда, зани 33-сола бо истифода аз асбоби чӯбии нонросткунӣ ва пиёла ба сари ҷавони 24-сола задааст.
ххххххххххххх
Ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе шаби 26-уми феврали соли 2023, тахминан соати 22:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили роҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш бо истифодаи зӯроварӣ аз дасти марди 27-солаи сокини пойтахт, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ххххххххххх
Марди 56-солаи сокини шаҳри Исфара моҳи феврали соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, ба ваъдаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,06 га аз ҳудуди шаҳри Исфара 13 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 07.03.2023

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати як марду як зан бо ҷурми авбошӣ

15

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 33-сола ва ҷавони 24-солаи сокинони шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори авбошӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 4-уми марти соли 2023, тахминан соати 12:30-дақиқа, дар ошхонаи «Ваҳдат»-и ҳамин шаҳр, ҳангоми хӯрок омода намудан аз ҳиссиёти авбошӣ нисбати якдигар дашномҳои қабеҳ гуфта, бе ягон асос ҳамдигарро лату кӯб намуда, зани 33-сола бо истифода аз асбоби чӯбии нонросткунӣ ва пиёла ба сари ҷавони 24-сола задааст.
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиаш бардоштааст.
Нисбати ҳардуи онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 237 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ҷавони ғоратгар

10

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 26-уми феврали соли 2023, тахминан соати 22:30-дақиқа, ҳангоми дар дохили роҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштанаш бо истифодаи зӯроварӣ аз дасти марди 27-солаи сокини пойтахт, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 56-сола бо ҷурми қаллобӣ

images1

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 56-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи феврали соли 2014 бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 24-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, ба ваъдаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,06 га аз ҳудуди шаҳри Исфара 13 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button