36 МУДИРИ МАКТАБРО “ДОЛЯ” БАСТА БУД… БОЗДОШТИ МУДИРИ МАОРИФИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ (ВИДЕО)

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Иқболи Неъматулло, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Арбобхотуни ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мудири раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро бо иттиҳоми даст доштан дар як силсила ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир карданд. Дар ин бора маркази робитаҳо бо ҷомиаи КДАМ шоми 6 марти соли 2023 дар як гузориши вижа дар барномаи “Ахбор”  дар ТВ “Тоҷикистон” хабар дод.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Иқболи Неъматулло бо онки тоза 31 октябри соли 2022 бо фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба мақоми мудири раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуда буд, дар байни ҳамагӣ чор моҳи кораш ба чандин ҷинояти коррупсионӣ даст зада, “ба шаъни корманди соҳаи маориф иснод овардааст”.

Аҷаб он аст, ки тавре худи Иқболи Неъматулло дар ин гузориш нақл мекунад, ӯ баъди хатми Донишгоҳи омӯзгорӣ дар соли 2013, то соли 2017 дар мактаб ба ҳайси муаллими фанни таърих кор карда, аз соли 2017 то соли 2022, яъне то таъйин шуданаш ба мақоми мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ дар як ширкат … ҳамчун ронанда кор мекардааст.

Як суоле, ки дар зеҳнҳо пайдо мешавад, ин аст, ки вазири маориф ва илм ба чӣ далеле як ронандаро якбора мудири маорифи яке аз бузургтарин ноҳияҳои Тоҷикистон таъйин кардааст?

Бино ба ин гузориш, Иқболи Неъматулло эътироф кардааст, ки аз рӯзи аввали кораш дар мансаби мудири маорифи ноҳия даст ба коррупсия зада, тавассути алоқаҳои ҷиноятиаш аз мудирони мактабҳои ноҳия бо роҳи тамаъҷӯӣ маблағҳои калон меситонидааст.

Аз ҷумла дар давоми моҳи ноябри соли 2022, Иқболи Неъматулло якҷо бо мудири мактаби миёнаи №182 Назаров Қурбоналӣ, раиси иттифоқи касабаи раёсати маорифи ноҳия Мавҷуда Табарӣ ва муовини мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ Раҳимова Маҳбуба бо баҳонаи гузарондан аз аттестатсияи давлатӣ аз мудирони 36  муассисаи таълимӣ, аз ҷумла мактабҳои миёнаи №№ 182, 66, 65, 173, 123, 36, 51, 120, 180, 174, 46 ва 25 муасссисаи дигар бо сӯиистифода аз мансабаш дар маҷмӯъ 65 ҳазору 700 сомонӣ пора талаб карда, гирифтааст.

Худи Иқболи Неъматулло дар ин гузориш мегӯяд: “Дар миёнаҳои моҳи декабр ба хотири аз аттестатсия гузарондани мудирони мактабҳо, аз мудири мактаби №182 ба миқдори 2 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №123 – 2 ҳазор, аз мудири мактаби №65 – 4 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №66 – 5 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №173 – 4 ҳазор сомонӣ гирифтам. Маротибаи дуюм бо миёнаравии раиси иттифоқи касаба аз мудири мактаби №36 – 3 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №51 – 1500 сомонӣ, аз мудири мактаби №180 – 1 ҳазор сомонӣ, аз мудири мактаби №120 – 1500 сомонӣ, аз мудири мактаби №84 – 1 ҳазор сомонӣ гирифтам. Пеш аз аттестатсия бо миёнаравии муовинам Раҳимова Маҳбуба аз 20 то 25 мудири мактаб дар умум маблағи аз 35 то 40 ҳазор сомонӣ гирифтам”.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар гузоришаш ҳамчунин гуфт, Иқболи Неъматулло таъйиноти кадрӣ дар муасссисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакиро низ дар ивази пора анҷом медод. Аз ҷумла дар асоси маслиҳати пешакӣ аз муовини мудири мактаби №117 ноҳияи Синои ш. Душанбе Шеров Валишер 10 ҳазор сомонӣ ришва гирифта, ӯро ба вазифаи мудири мактаби №73 таъйин кардааст. Иқболи Неъматулло ҳамчунин аз муовини мудири мактаби № 130 ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе Ғолибҷон Тоҷиддинов 10 ҳазор сомонӣ ришва гирифта, ӯро ба вазифаи мудири мактаби №72 дар ноҳияи Рӯдакӣ таъйин кардааст.

Худи Иқболи Неъматулло дар ин гузориш мегӯяд: “Аз Тоҷиддинов Ғолибҷон аввал 10 ҳазор сомонӣ гирифтам ва баъд фармонашро бароварда, ба вазифа таъйинаш кардам. Аз Шеров Валишер, ки бо ӯ қаблан шинос будам, низ 10 ҳазор сомонӣ гирифта, сипас ӯро ба вазифаи мудири мактаби №73 таъйин намудам”.

Иқболи Неъматулло ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, ба зиддаш бар асоси моддаи 314 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯиистифода аз мансаби давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба мудири ҳамакнун собиқи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ваё то 5 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки аксари мансабдорони бо пора ба даст афтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷаримаи ночиз аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button