ВидеоМинтақа ва ҷаҳонФарҳанг

ОВОЗХОНИ ӮЗБЕКРО БАРОИ ПӮШИДАНИ ШИМИ ҲАМРАНГИ ПӮСТИ БАДАНД ҶАЗО ДОДАНД (ВИДЕО)

Дар Ӯзбекистон як сарояндаи занро барои пӯшидани шалвори ҳамранги пӯсти бадани инсон аз ҳуқуқи овозхонӣ маҳрум кардаанд.

 Баҳодур Аҳмадов ҷонишини вазири фарҳангу сайёҳии Ӯзбекистон гуфт, Каниза (Шаҳрзода Аҳмадова) дар пайи пахши як навори видеоии “аз ахлоқ берун”, ки ба Интернет роҳ ёфт, ба муддати як моҳ аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум карда шуд.

Аҳмадов гуфтааст, ки “аъзои шӯрои бадеӣ якдилона барои бозпас гирифтани иҷозатномаи сарояндагии Каниза овоз доданд. Ба худи Каниза огоҳии ҷиддӣ дода шуд. Агар Каниза дар тӯли як моҳ рафтори худро тағйир дода, ба роҳи рост равад, метавонад дубора барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат кунад”.

Бино ба гузориши сомонаи ӯзбекии “Дарё”, ин мансабдори ӯзбек афзудааст, ки “ростӣ, ҳайронам, чаро ин духтар ин корро кардааст? Ба вай чунин корҳо чӣ лозим? Ӯ ки як духтари бофаҳм, соҳиби маълумоти олӣ аст, наход чунин корҳо ба шаъни ӯ рост ояд?  Агар дар муддати як моҳ хатоии кардаашро ислоҳ намуд, намуд, вагарна дар ҳаққаш чораҳои ҷиддӣ андешида мешавад. Ин ба дигар сарояндаҳо дарси хуб хоҳад шуд”. 

Дар ҳамин ҳол, корбарони расонаҳои иҷтимоӣ низ дар зери ин видeое, ки Каниза дар як тӯйе дар тан шалвори ранги монанд ба пӯсти инсон, куртаи сафед ва нимтанаи сиёҳ дораду овозхонӣ мекунад, шарҳҳои манфӣ навишта, ҳатто Канизаро ба урён будан айбдор карданд.

Вале худи сароянда ҳамаи инро тӯҳмат медонад ва мегӯяд, ки  ҳангоми ҳунарнамоӣдар тан шим дошт, ки ранги он боиси нофаҳмии мансабдорон ва корбарони Интернет шудааст.

Ӯ мегӯяд, “наход дар Ӯзбекистон ба ҷуз аз баҳси шалвори ман мушкили дигаре боқӣ намондааст?”

Ҳамчунин Каниза хитоб ба вазорати фарҳангу сайёҳии Узбекистон ва инчунин ширкати давлатии “Ӯзбекконсерт” гуфтааст: Ҳар боре, ки хостед, мо, сарояндаҳо не нагуфта, ба деҳаҳои дурдасту майдонҳои пур аз чангу хок рафта, бепулу ройгон ҳунарнамоӣ мекунем. Ҳатто боре ҳам ба мо раҳмат намегӯед. Дар бораи ҷоизаҳои давлатӣ ҳатто чизе намегӯям. Ба ҳама маълум. Ҷоизаро танҳо “тағадорҳо” мегиранд. Чаро он нафароне, ки дар толорҳои консертӣ ба 3 ҳазору 4 ҳазор бо як барномаи пуч ва алфози қабеҳ консерт медиҳанду пул кор мекунанд, ҳеч чиз намегӯед? Чаро иҷозатномаи онҳоро намегирад? Чаро онҳо урён дар консертҳо баромад мекунанд ва ҳатто урёнтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаоланд, “пишакашонро пишт” намегӯед? Ин ба ҳама маълум, чунки онҳо “криша” доранд. Дар кадом соҳаи мақомот мо адолати иҷтимоӣ дорем? Ҳама соҳа аз сар то по фасодзада аст. Касе чизе намегӯяд”.

Каниза гуфтааст, ки қасд дорад бо вакили дифои худ ва рӯзноманигорони озод ба қабулгоҳи вазири фарҳанги Узбакистон равад. “Ман ҳатто аз саҳар то бегоҳ дар қабулгоҳи Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Узбакистон менишинам, то замоне ки ӯ моро бипазирад. Ин иқдоми ман на барои баргардонидани иҷозатномаи худ, балки барои гуфтани ҳарфи ҳақ ва шунидани ҷавоби ин мансабдори воломақоми давлатӣ аст”, гуфтааст ин овозхон.

Мақомоти Ӯзбекистон дар соли 2016 Тамил (Эсмералд Раҳматов) ном овозхонро барои роҳ ёфтани як навори “ғайриахлоқӣ”-аш аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум карда буд. Дар соли 2018 бошад аз Шаҳло Аҳмадова низ иҷозатномаашро  гирифта буданд. Гӯё ин сарояндаи ӯзбек дар як намоҳанг ё клипаш  “хеле кушод” муносибати писару духтарро нишон додааст, ки ин саҳна “ба фарҳанги шарқӣ ва маданияти узбекӣ” рост намеояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button