ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

КЛУБИ “МАРҲАБО” – МАКОНИ ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БУД Ё “ЗИНДОНИ КӮДАКОН”?

Як рӯҳонии 28-сола аз Тоҷикистон бо номи ё Азизмурод, ё Абдулазиз дар шаҳри Уфа, пойтахти ҷумҳурии Бошқирдистони Русия бо иттиҳоми азобу уқубати фарзандони хурдсоли муҳоҷирони тоҷик дастгир шудааст. Гуфта мешавад, муҳоҷирони тоҷик, ки рӯзи дароз бо кору бори худ андармон буданд ва вақте барои тарбияи фарзандон надоштанд, фарзандони каҷрафтори худро аз шаҳрҳои гуногуни Русия ба Уфа оварда, барои тарбия ба Азизмурод ё Абдулазиз месупориданд, то ки ӯ онҳоро дар клуби “Марҳабо” дар рӯҳияи арзишҳои динии мусулмонӣ ва миллии тоҷикӣ тарбияи “дуруст” кунад.

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, барои тарбия ба ин рӯҳонии ҷавон асосан кӯдаконро медоданд, ки дар кӯчаҳо беҳудагардӣ карда, ба мактаб намерафтанд ва ба корҳои баде, чун кашидани носу сигор ва ҳатто дуздию авбошӣ одат карда буданд.

Вале, менависад Телеграм-канали Mash Batash, мураббии тоҷик клуби “Марҳабо”-ро амалан ба “зиндони кӯдакон” табдил дода буд ва дар ин ҷо гӯё шогирдонро дар ҳуҷраҳои бидуни кати хоб маҳкам карда, барои ҳар гуноҳи хурдтарин ҷазои сахт медоданд ва доим латтукӯб мекарданд.

Ба иттилои ин канал, пулис аз вуҷуди ин “зиндони кӯдакон” вақте хабар ёфтанд, ки яке аз шогирдони клуби “Марҳабо” аз азобу уқубат ба ҷон омада, аз инҷо фирор кард ва дар кӯча кормандони пулисро дида, пеши онҳо омад ва хабар дод, ки аз куҷо ва барои чӣ фирор кардааст? Кормандони пулис вақте аз ин кӯдак хабар ёфтанд, ки дар он клуб ҳанӯз  боз чанд кӯдаки дигар дар банд қарор доранд, зуд ба онҷо рафта, он кӯдаконро  аз “асорат” халос карда ва мураббияшонро дастгир карданд.

Раёсати тафтишоти Бошқирдистон рӯзи 28 феврали соли 2023 расман тасдиқ кард, ки шуъбаи тафтишоти ноҳияи Калинини шаҳри Уфа нисбат ба як шаҳрванди хориҷии 28-сола бар асари ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 156 ва қисми дуюми моддаи 117 бо иттиҳоми иҷро накардани масъулият дар тарбияи кӯдакон ва азобу уқубати беш аз ду кӯдак айб эълон карда, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

 “Бино ба фарзияи тафтишот, айбдоршаванда моҳҳои январ-феврали соли 2023 дар ҷараёни тарбия ва нигоҳубини ноболиғон нисбат ба 5 кӯдаки синнашон аз 6 то 12 аз зӯроварӣ истифода бурдааст. Дар бораи ин ҳолатҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷараёни суҳбат бо яке аз шогирдони ин мард хабар ёфтанд ва дар пайи ин кӯдаконро аз онҷо гирифта, ба марказҳои ҳифзи иҷтимоӣ супурданд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Ба айбдоршаванда бар асоси моддаи 156 аз ҷарима то корҳои ислоҳӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то се сол ва барои азобу уқубати кӯдакон аз 3 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳарчанд мақомоти тафтишотӣ дар бораи аз кадом кишвар будани айбдоршаванда чизе нагуфта, ӯро танҳо “як шаҳрванди хориҷии 28-сола” ном бурдаанд, вале нашрияҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ӯ зодаи Тоҷикистон аст. Аз Тоҷикистон будани марди дастгиршударо дар масҷиди “Мадина”, ки бо клуби “Марҳабо” дар як бино ҷойгир шудааст, тасдиқ кардаанд. Ринат, яке аз моликони ин бино ба нашрияи маҳаллии Уфа1 хабар дод, ки марди дастгиршуда Азизмурод (ба маълумоти дигар намозгузорони масҷиди “Мадина” Абдулазиз) ном дошта, ба ин масҷид барои адои намоз меомад. Ринат иддаои нашрияҳои маҳаллӣ дар бораи бахше аз масҷиди “Мадина” будани клуби ҷанҷолиро рад кард ва гуфт, ки клуби “Марҳабо” ба ғайр аз ҳамсоягӣ ҳеҷ рабти дигаре бо масҷид надорад.

Худи Абдулазиз (Азизмурод) барои шарҳи моҷаро дастрас нест, вале Ринат гуфтааст, ки мураббии клуби “Марҳабо”  баракси тасвири расонаҳои маҳаллӣ на мисли як одами хашин, балки як марди хушсавод ва пойбанд ба анъанаҳои мардуми худ ба назар мерасид.

Ӯ ба масҷид омада, намоз мехонд. Ҳофизи Қуръон буд, яъне Каломи Шарифро азёд медонист. Ҷавони худу кушодачеҳра буд, – нақл кардааст Ринат.

Рӯҳонии тоҷикро вақте дастгир карданд, ки бино ба иттилои Ринат, завҷаи ҷавони ӯ ҳомила аст. Ринат иддаоҳо дар бораи аз лиҳози ақидатӣ ифротӣ будани Азизмуродро низ бепоя номид.

Вай Донишгоҳи исломиро дар Тоҷикистон хатм кардааст. Тоҷикистон дар ин масъала хеле сиёсати шадид дорад, дар он ҷо як қадам агар каҷ бигузорӣ, зуд ифротӣ эълонат мекунанд. Аз ин рӯ, таълими дин дар онҷо хеле сахтгирона аст, – гуфтааст Ринат.

Ӯ нақли кӯдаки аз клуби “Марҳабо” гурехтаро низ дур аз ҳақиқат номида, фарзияи худро нақл кардааст:

Яке аз кӯдакон гапногирӣ кардааст. Барои ин ягонто задаанд ӯро ва кӯдак озурда шудааст. Ӯ худаш аз вилояти Челябинск будааст ва хостааст, ки ба хонаашон баргардад. Ӯ ба поезд савор шуданӣ будааст, ки кормандони пулис ӯро дар вокзали роҳи оҳан доштаанд. Ӯ ба онҳо гуфтааст: “Ман аз масҷиди “Мадина” мебошам, дар онҷо маро мезаданд, маҷбур мекарданд, ки “Қуръон” бихонем. Ба онҳо, албатта, таълими “Қуръон” медоданд, вале касе намезаданд ва маҷбур ҳам намекарданд”.

Ба гуфтаи Ринат, муҳоҷирони тоҷик ба Азизмурод барои тарбия маҳз фарзандони душвортарбияи худро медоданд. Кӯдаконеро, ки нафақат бо тарбияашон, балки алакай бо пулис мушкил доштанд ва кор бо чунин кӯдакон, қарори маълум, кори чандон саҳлу осоне нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button