ВидеоРӯйдодҳои БадахшонХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ДУ ЗАН ДАР ҶАМОАТИ ТЕХАРВИ ВАНҶ ВА ЯК КӮДАКИ ПАНҶСОЛА ДАР ГИПРОЗЕМ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки  27-уми феврали соли 2023, тахминан соати 15:30, ронандаи трактор Бачамардов Чӯпон Кишварович, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Ванҷ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Техарв аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Аловакова Ҳалима, соли таваллудаш 1958 ва Муминова Ҳанона Зайналовна, соли таваллудаш 1982, сокинони ноҳияи мазкурро, ки дар канори роҳ аз қафои нақлиёт меистоданд, пахш кардааст. Дар натиҷа, ҳарду зан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба гузориши дигари ВКД,  28-уми феврали соли 2023, тахминан соати 15:30, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер», Миров Эмомалӣ Музафарович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Сино, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Гипроземи пойтахт, аз самти кӯчаи Борбад ба самти маҳаллаи Пахтакор, дар рӯ ба рӯи нуқтаи шустушӯи мошинҳо пиёдагарди ноболиғ, Нуров Меҳроб Насрулоевич, соли таваллудаш 2018, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.Дар натиҷа, ноболиғ Нуров М.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳо пурхатар ба шумор мераванд. Соли 2022 бар асари 1096 садама дар роҳҳои ҷумҳурӣ 416 нафар ба ҳалокат расида, 1197 тани дигар маҷруҳ шуданд. Соли 2021 бошад дар роҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи 1102 садама 395 нафар ҷон бохта, беш аз 1200 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button