ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

ДУ ҶАВОНИ ТОҶИКРО БАРОИ ҲАМЛА БА БЛОГЕРИ РУС ШУЧЕР АЗ РУСИЯ ИХРОҶ МЕКУНАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербурги Русия шоми 14 феврали соли 2023 қарор кард, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар автобус ба блогер Кирилл Шучеров ҳамла карданд, барои вайрон кардани қоидаҳои будубош аз қаламрави Русия ихроҷ карда шаванд.

Пулиси Петербург дар иттилоияаш гуфт: “Муайян карда шуд, ки ин ду нафари солҳои таваллудашон 1997 ва 1998, шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доштанд. Нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 18.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия протокол тартиб дода шуд. Нисбат ба онҳо ҷазои маъмурӣ  дар намуди берун кардан аз қаламрави Русия қабул карда шуд”.

Дар айни замон тафтиши ин қазия идома дорад. Ба зидди ду ҷавони тоҷик барои ҳамла ба блогери рус бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ ҳам кушодаанд ва ба онҳо ҳамчун ҷазо аз ҷарима то ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Пранкер аз вилояти Смоленски Кирилл Шучеров, ки мулаққаб ба Шучер, ба гуфтаи худаш, рӯзи 12 феврали соли 2023 дар автобуси №228 дар шаҳри Санкт-Петербург мавриди ҳамла қарор гирифт. Шучер мегӯяд, ҳамлагарон ба сару рӯяш бо мушту шаппотӣ зада, ҳамчунин аз электрошокер истифода бурдаанд. Ӯ хабар дод, ки раҳгузарон ҳамлагаронро дастгир карда, то омадани пулис нигоҳ доштаанд.

Ин пранкер ва блогери ноқисулақл, ки баъди ба 75 ҳазор нафар расидани шумораи обуначиёнаш аз Смоленск ба Петербург кӯчид, латтукӯбашро ба видеои ахири худ рабт медиҳад, ки дар он як қуттии телефони “Айфон” дар дасташ ба як духтари тоҷик дар кӯча пешниҳод карда буд, ки дар ивази ин телефон бо ӯ алоқаи ҷинсӣ кунад.

Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо мавқеи ошкори зидди муҳоҷирон ва миллатгароёнааш маъруф аст ва  тафтиши қариб ҳамаи қазияҳои марбут ба муҳоҷиронро таҳти назорат мегирад, қазияи ҳамлаи муҳоҷирон ба блогер Шучерро низ зери назорати худ гирифт.

Ахиран дар Интернет видеое нашр шуд, ки Шучер дар кӯча ба назди як духтар аз Тоҷикистон омада, ба ӯ пешниҳод мекунад, ки дар ивази телефони “Айфон” бо ӯ ҳамхобда шавад. Духтарак намефаҳмад, ки ин блогер аз ӯ чӣ мехоҳад? Ӯ иқрор мекунад, ки русиро хуб намефаҳмад. Шучер ҳамчунон талош мекунад, то ба ин духтар манзурашро бифаҳмонад, ки дар ивази телефон аз вай чӣ мехоҳад? Вале духтар пешниҳоди ӯро рад мекунад. Шучер баъди ин ба духтар пешниҳод мекунад, ки ӯро бибӯсад ва духтар бо хоҳиши пранкер аввал аз як бари рӯи ӯ ва сипас аз лабонаш бӯса мекунад.

Шучер иддао дорад, ки баъди ин видео нафарони зиёде аз зодагони Тоҷикистон ба ӯ таҳдид карда, талаб кардаанд, ки видеои ҷанҷоли аз Интернет пок карда, дигар ба духтарони тоҷик кордор нашавад. Вале Шучер талаби пок кардани видеоро рад кард ва гуфт, ӯ касеро ба ягон кор маҷбур накардааст ва он духтар бо хоҳиши худаш вайро бӯсид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button