ВидеоҲодиса

ДАР ЯК СОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН 58 КУШТОРУ СӮИҚАСД БА ОДАМКУШӢ, 167 РОҲЗАНИЮ ҒОРАТ ВА 23 ТАҶОВУЗ БА НОМУС САБТ ШУДА, 416 НАФАР ДАР САДАМАҲО ҶОН ДОДААНД

Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ  аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ 22  ҳазору 481 (2021 – 24 ҳазору 118) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021 – 1637 ҳолат кам мебошад. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14 ҳазору 612 ҷиноят ошкор карда шудааст (кушодашавии ҷиноятҳо бошад 82,3 фоизро ташкил медиҳад).

Дар давраи ҳисоботӣ, яъне дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ  ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 58 ҳолат (2021-41), роҳзанӣ – 37 ҳолат (2021-29), ғоратгарӣ – 130 ҳолат (2021-128), таҷовуз ба номус – 23 ҳолат (2021-25), савдои одамон -24 (2021-10), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 131 (2021-133), авбошӣ – 1103 (2021-1053), қаллобӣ – 1856 (2021-2250), дуздӣ – 4868 (2021-6019), ҷиноятҳои иқтисодӣ -250 (2021-332) ҳолат сабт шудааст.

Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 500 адад силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 1 тоннаву 412 кг (2021- 2 т 30 кг) воситаҳои нашъадор мусодира карда шудааст.
Дар ин давра аз тарафи ноболиғон 737 (2021 – 763) ва ҷавонон бошад 3572 (2021 – 4759) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Дар қаламрави мамлакат 36 (2021-50) ҳолати таълимоти ғайрасмии динӣ ошкор карда шуда, 8 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар давлатҳои хориҷӣ таълимоти ғайриқонунии динӣ мегирифтанд, ба Ватан баргардонида шуданд.
Дар ин давра нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва масъулини муассисаҳои таълимӣ бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ҳазору 348 адад (2021-12192) парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.
Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 450 ҳолат, аз ҷумла, зодрӯз, хатнасӯр, тӯйи домодиву арусӣ, маросимҳои ҳаҷ ва дафну азодорӣ ба қайд гирифта, дар ин хусус парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, 128 парвандаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ бар асари 1096 (2021-1102) садамаи нақлиётӣ 416 (соли 2021-395 нафар) нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 197 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.
Дар ҷумҳурӣ 1262 (2021-1196) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 19 (2021-10) нафар шаҳрвандон фавтидаанд. Маблағи зарар 58 миллиону 716 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Молу мулки шаҳрвандон ва муассисаҳо ба маблағи 806 миллиону 356 ҳазору 098 сомонӣ аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шудааст.

Манбаъ: варақаи матбуотии ВКД Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button