ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ДУЗДИ ГУЗАРО ДАР КӮШОНИЁНУ ВА ШӮРОБОД БА ДАСТ АФТОДАНД (2 АКС)

Ошкор гардидани силсиладуздиҳо

182

Аз ҷониби кормандони шуъбачаи милитсияи деҳоти Заргари ШВКД ноҳияи Кӯшониён, дар асоси аризаи сокинони ноҳияи мазкур ҷиҳати аз манзилҳои истиқоматиашон аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулӣ ва ашёҳои рӯзгорашон, як нафар сокини ноҳияи мазкур бо гумони дуздии моликияти шаҳрвандон дастгир карда шуд.
Шарипов Ҳасан, соли таваллудаш 1988, пеш 5 маротиба бо моддаҳои 244 ва 375 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда бошад ҳам, аз ин ба худ хулосаи лозимӣ набароварда, дар ҳолати ритсидив даст ба дуздии моликияти шаҳрвандони шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён задааст, ки бо ин кирдорҳои ҷинояткоронааш ба шаҳрвандон ба маблағи 21 000 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонида аст. Шарипов Ҳасан дар 9 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.
Инчунин, кормандони ШВКД ноҳияи Ш.Шоҳин кирдори ҷинояткоронаи як сокини ноҳияи мазкурро, ки ба дуздии моликияти шаҳрвандон гумонбар дониста мешавад, ошкор намуданд. Азизов Фаридун, соли таваллудаш 1992, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

183

Номбурда шабона бо тариқи шикастани тирезаи мағозаи соҳибкор Сардоров Рустам, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, воқеъ дар маркази ноҳия, вориди онҷо гашта, 4 адад телефонҳои мобилии тамғаи «Редми» ва аз дохили сандуқи оҳанин маблағи 2000 сомониро тасарруф менамояд, ки бо ин кирдораш ба шаҳрванд 7760 сомонӣ зарар мерасонад.
Боз гумонбар Азизов Фаридун такроран санаи 13 декабри соли 2022 шабона бо тариқи шикастани тирезаи мағозаи хӯроквории Ҷомиев Дилшод, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шӯрободи ноҳияи мазкур гашта, аз он ҷо 5048 сомонӣ маблағҳои пулиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Дар шуъбачаи тафтишотии шуъбаҳои ВКД дар ноҳияи Кӯшониён ва ноҳияи Ш.Шоҳин нисбати гумонбарон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия

Манбаъ: сомонаи ВКД Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button