ВидеоКоррупсия

РАИСИ ҶАМОАТИ САРИКИШТӢ БА ЗАМИНФУРӮШӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 13 феврали соли 2023 аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурда шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раиси ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ Олимҷон Каримов хабар дод.  Раиси ҳамакнун собиқи ҷамоати Сарикиштӣ бар асоси қисми сеюми моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба гирифтани пора аз ҷониби раиси мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ айбдор мешавад.

Худи Олимҷон Каримов ва адвокату наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт:  “Каримов Олимҷон Тоҳирҷонович дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани қарори вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 га ва минбаъд шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ба ин қитъаи замин ба сифати пора 17.000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар ду ҳолат 12.000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб кардааст.   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ Каримов О. Т. ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани 5 000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд”.

Вақтҳои охир талабот ба қитъаҳои замин дар ҳудуди ҷамоати Сарикиштӣ, ки дар фосилаи ҳамагӣ 5 километр аз дарвозаҳои ҷанубии пойтахт, шаҳри Душанбе, дар соҳили хушманзараи дарёи Кофарниҳон, бузургтарин рӯдхонаи водии Ҳисор, ҷойгир шудааст, низ афзоиш ёфта, ба ин далел, нархи замин дар ин минтақа хеле боло рафтааст.

Ба Олимҷон Каримов бар асоси қисми сеюми моддаи 319 барои гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол таҳдид мекунад.

Идораи ҷамоатҳо яке аз зинаҳои аз ҳама фасодзадаи мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Раисони ҷамоатҳоро раисони шаҳру ноҳияҳо таъйин мекунанд ва сокинон мегӯянд, мавридҳои фаровоне вуҷуд доранд, ки мансабҳои раису котиби ҷамоат ваё барои мисол, муҳандиси заминро дар ивази пули калон ба афроди нолоиқ, гоҳо ҳатто ба шахсони алакай зиндонишуда мефурӯшанд. Онҳое, ки ин мансабҳоро дар ивази пули калон соҳиб мешаванд, табиист, ки пеш аз ҳама талош ба харҷ медиҳанд, то пули сарфкардаи худро баргардонанд. Як манбаи даромади муфти онҳо, албатта, фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин аст, чунки дар шароити афзоиши беисти шумори аҳолӣ дар Тоҷикистон талабот ба замин дар ин ҷумҳурӣ ҳеҷ гоҳ кам намешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Доктор Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода Ҳамадонӣ гуяд:

    Ҳафт дарсади (7%) Тоҷикистонро ҳамворӣ ташкил медиҳад, 93% фисади дигарро кӯҳу теппаҳои баланд. Кишвари кӯҳистон, сангвор, офтобӣ ва дур аз баҳр. Болои ин ҳама, коррупсия дар авҷи аъло, диктатура ва истибдод дар ҳоли рушд. Худоё, ин халқи азияткашидаро биҳишти фирдавс насиб бифармо, омин!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button