ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

“СОМОН ЭЙР” БА ПАРВОЗҲО АЗ ДУШАНБЕ БА ТЕҲРОН ОҒОЗ МЕКУНАД

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзи 26 январи соли 2023 хабар дод, ки парвозҳоро ба пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон роҳандозӣ менамояд. Тавре интизор меравад, парвози нахустин дар ин самт санаи 31-уми январи соли 2023 иҷро хоҳад шуд. Вақти парвоз аз Душанбе – 17:30, аз Теҳрон – 20:20 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

 Хадамоти матбуоти ширкат хабар дод, ки тибқи ҷадвали муқарраршуда, аз санаи 10 феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон мунтазам ҳафтае як маротиба рӯзҳои ҷумъа анҷом дода мешаванд. Парвоз аз Душанбе соати 14:30, аз Теҳрон соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ муайян шудааст. Тӯли парвоз аз Душанбе ба Теҳрон 2 соату 50 дақиқа, дар самти баргашт 2 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад.

 Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.

Маълумоти бештарро аз маркази маълумотдиҳӣ ва чиптафурӯшии ширкат бо рақамҳои зер пайдо кардан мумкин аст:

 +992 (44) 640 40 49,

+992 (44) 640 40 50,

+992 (93) 777 74 59.

 Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз соли 2008 дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ фаъолият дошта, узви Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-800 ва 737-900 иборат аст. “Сомон Эйр” дар ҳоли ҳозир аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад. Ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ҳамчунин байни Душанбе ва Хуҷанд низ парвоз мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button