ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҲАЛЕВАРД, ДУЗДИИ ДУ ГӮШВОР ДАР ДАНҒАРА ВА ТЕЛЕФОН ДАР ВАНҶ

Шаби 22 январ, тахминан соати 20:00, бар асари бархӯрди як мошини “Опел” бо мошини боркаши “Дулон” дар роҳи “Панҷи поён – Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, як зани 52солаи мусофири “Опел” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигари ин мошин, аз ҷумла як духтарчаи шашсола ҷароҳат бардоштаанд.

ххххххххххххх

Сокини 29-солаи шаҳри Норак ба дуздии ду гӯшвори тиллоӣ аз дӯкони як заргар дар маркази ноҳияи Данғара ва як зани сокини ноҳияи Ванҷ ба дуздии телефони мобил аз утоқи кории як сокини ҳамин ноҳия гумонбар мешаванд.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 24.01.2023

Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи бархурди “Опел-Астра” бо “Дулон”

027

22-юми январи соли 2023, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Дулон”, Мисоков Абдуҷалил Абдусатторович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Панҷи поён – Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, автомашинаи худро дар маркази хатти роҳи дар боло зикршуда қарор додааст, ки дар ҳамин вақт автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Холиқов Абдуҷаббор Каримҷонович, соли таваллудаш 1995, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ҳамин ноҳия, омада ба қисмати қафои автомашина бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холиқова Руҳамо Исматуллоевна, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари ҳамин автомашина, Холиқов Каримҷон Шоҳмадуллоевич, соли таввалудаш 1969 ва ноболиғ Холиқова Хатича Сатторовна, соли таваллудаш 2017, сокинони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

062

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 43-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 19-уми январи соли 2023, тахминан соати 16:00, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дӯкони заргариаш, воқеъ дар бозори марказии ноҳияи Данғара 2-адад гӯшвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 2 ҳазору 330 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Норак, пеш бо моддаи 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ванҷ бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми январи соли 2023, тахминан соати 10:30-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз утоқи кориаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Сиёмӣ Поко Ф”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 41-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 60-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, оғоз карда шудааст, ки ӯ моҳи январи соли 2023, бо тариқи пинҳонӣ аз нуқтаи таъмири воситаҳои наклиёт, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Унҷӣ, таҷҳизоти гуногунро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани ду нафар бо ҷурмӣ қаллобӣ

043

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини ноҳияи Қӯбодиён аввалҳои моҳи октябри соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз ӯ дар чор марҳила маблағи 130 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи пахта додан гирифта, дар ин давом ба номбурда ба маблағи 57 ҳазору 390 сомонӣ пахта оварда, боқимонда маблағи 72 ҳазору 610 сомониро ба манфиати шахсии худ истифода намудааст.
Оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 18-уми ноябри соли 2022, бо ҳамроҳии «Азиз» ном шахс дар назди мағозаи «Мардон», бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини шаҳри Кулоб даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Хундай Аванте»-ро ба иҷора қабул намуда, ваъда додааст, ки дар муддати 3 шабонарӯз бармегардонад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст. Зарари расонидашуда 85 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button