ВидеоКоррупсия

210 ҲАЗОРРО АЗ ХУД КАРД: БОЗДОШТИ САРМУҲОСИБИ БАХШИ ФАРҲАНГИ ШАҲРДОРИИ КӮЛОБ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 24 январи соли 2023 аз анҷоми тафтиши пешакӣ, тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол гардидани парвандаи ҷиноятии Абдулҳамид Шарипов, сармуҳосиби бахши фарҳанги шаҳрдории Кӯлоб ва дар як вақт сармуҳосиби мактаби миёнаи №34 хабар дод. Ӯ ба тассаруфи қариб 210 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар) маблағҳои буҷа айбдор мешавад.

 Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Шарипов Абдулҳамид Олимович дар вазифаи сармуҳосиби Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дар як вақт тариқи шартномавӣ дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 209880 сомониро ҳамчун музди меҳнат ба суратҳисоби корти пластикиаш интиқол додааст. Сипас Шарипов А.О. маблағи зикршударо нақдӣ намуда, онро бо роҳи азонихудкунӣ ба тасарруфи худ даровардааст ва дар натиҷа бо ин амали ғайриқонуниаш ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари молиявӣ расонидааст”.

 Дар робита ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Шарипов Абдулҳамид бар асоси моддаҳои 245, қисми 4 банди “б” ва 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ин парванда алакай ба додгоҳ супурда шудааст.

Ба Шарипов бар асоси қисми чоруми моддаи 245 барои тасарруфи маблағҳои давлат ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол баробари 68 сомонӣ, ё тақрибан 6,5 доллар аст) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад. Ҳамчунин, ба ӯ бар асоси моддаи 323 барои сохтакории хизматӣ ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 3 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.

Вале таҷрибаи додгоҳҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар аксари мавридҳо мансабдорони бо пора ё барои тасарруфи маблағҳо бадастафтода дар ниҳоят бо пардохти ягон ҷарима аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button