ВидеоМуҳоҷирон

ПАНОҲҶӮИ ТОҶИК БО САД АЗОБ ТО АВРУПО РАСИД, ВАЛЕ ҲАНГОМИ ҶУСТУҶӮИ ҶОИ ХОБ БА ДАСТ АФТОД

Марзбонони Эстония як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз марзи Русия бо Эстония убур карда, барои шабро рӯз кардан дар як деҳа ҷои хоб меҷуст, дастгир кардаанд. Сокини маҳаллӣ паноҳҷӯи тоҷикро ба хонааш роҳ надода, баракс ба марзбонон хабар додааст. Чунин ба назар мерасад, ки тоҷики бечора фикр кардааст, ки дар Аврупо ҳам мардум мисли  тоҷикҳо меҳмоннавозанд.

Дар бораи боздошти ин паноҳҷӯи тоҷик рӯзи 22 январи соли 2023 Ширкати миллии телевизион ва радиои Эстония (Eesti Rahvusringhääling, ERR) хабар дод.

Бино ба гузориши бахши русии ин расона, шоми чоршанбе, 18 январи соли 2023 як нафари ношинос, ки савори велосипед буд, аз як сокини ҷамоати Сетомаа, ки дар марзи Эстония бо Русия ҷойгир шудааст, барои шабашро рӯз кардан ҷои хоб пурсидааст. Азбаски соҳиби хона ин одамро намешинохт, хоҳиши ӯро рад кард ва дар бораи дар деҳаашон пайдо шудани як одами машкук ба марзбонон хабар додааст.

Марзбонони Эстония ба таъқиби ин велосипедрон пардохта, ӯро дар ҳоли ҳаракат дар шоҳроҳи Вярска – Улитина дастгир карданд.  Дар ҷараёни тафтиши ҳуҷҷатҳои ӯ маълум шуд, ки ин велосипедрон шаҳрванди Тоҷикистон буда, ғайриқонунӣ марзи Эстонияро убур кардааст. Ӯро ба қисми марзбонӣ бурда, ба таҳқиқи қазияаш шурӯъ кардаанд.

Маълум нест, ки ӯ ба кадом далел марзи Русия бо Эстонияро убур карда, ба қаламрави Иттиҳоди Аврупо омадааст.

Сетомаа ҷамоатест бо тақрибан 4 ҳазор аҳолӣ дар ноҳияи Вирумааи Эстония. Сетомаа дар ҷанубушарқи Эстония ҷойгир шуда, бо Русия ҳам марзи заминӣ дорад ва ҳам марзи обӣ, ки бар рӯи кӯлҳои Псков ва Ляммиярв мегузарад.

Дар солҳои охир кишварҳои собиқ Шӯравии соҳили баҳри Балтика – Латвия, Литва ва Эстония, ки алакай узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Аврупо, паймони ҳарбии НАТО ва минтақаи Шенген шудаанд ва евроро ба ҳайси пули худ пазируфтаанд, ба яке аз масирҳои асосии ба Аврупо рафтани паноҳҷӯён ва ҳам муҳоҷирони тоҷике шудаанд, ки ба ҷустуҷӯи кор роҳи Аврупоро пеш мегиранд.

Ҳоло шумори бештари тоҷикҳо дар Литва ба сар мебаранд, вале зодагони Тоҷикистон дар Эстония ҳам кам нестанд. Онҳо ба Эстония аз тариқи вилоятҳои бо ин кишвар ҳаммарзи ғарби Русия –  вилоятҳои Псков ва Ленинград мегузаранд.  Эстония бо Русия 334 километр марзи заминӣ ва 124 километр марзи баҳрӣ дорад, ки аз халиҷи Финни баҳри Балтика мегузарад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button