ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

МАРГИ ФОҶИАВИИ СЕ КӮДАКИ ХУРДСОЛ ҲАНГОМИ ЯХМОЛАКБОЗӢ ДАР МӮЪМИНОБОД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 22 январи соли 2023 аз марги якбора се кӯдак ҳангоми яхмолакбозӣ дар як деҳаи кӯҳистонӣ дар ҷануби ҷумҳурӣ хабар дод. Ин фоҷиа шоми шанбеи 22 январ дар деҳаи Ғарабдараи ноҳияи Мӯъминобод рӯй додааст.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, шоми 21 январ, тақрибан соати 17:30, се кӯдаки хурдсол, ки дуяш панҷсолӣ ва якеи дигар ҳамагӣ 4 сол дошт, дар ҳавзи деҳаи Ғарабдараи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Мӯъминобод, ки ин ҳавз бар асари сардиҳои рӯзҳои ахир ях баста буд, яхмолакбозӣ мекарданд. Аз қазо қабати ях шикастааст ва ин се кӯдак дар оби сард ғарқ шудаанд. Сокинони калонсоли деҳа барои наҷоти онҳо шитофтаанд, вале мутаассифона, алакай дер шуда буд. Сокинон ин се кӯдакро вақте аз об бароварданд, ки алакай ҷон дода буданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин кӯдакони хурдсол чӣ гуна бидуни назорати калонсолон ва боз дар вақти шомгоҳӣ дар болои яхи хатарноки ҳавзи деҳа яхмолак мекарданд?

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба волидону пайвандони ин се тифли ғӯррамарг изҳори ҳамдардӣ карда, ҳамзамон бори дигар аз падарону модарон даъват кард, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд ва онҳоро ҳатман аз хатарҳои эҳтимолӣ аз ҷумла дар рӯи обҳои яхбаста огоҳ кунанд.

Дар рӯзҳои охир, ки Тоҷикистон ва минтақа ба сардиҳои бесобиқае рӯбарӯянд, алакай чор ноболиғ дар Тоҷикистон бар асари шикастани қабати ях дар оби сард ғарқ шуда, ҷон доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки рӯзи 19-уми январи соли 2023, тахминан соати 16:30 ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7–сола, сокинони деҳаи Гаҷаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтанд. Бо талоши ҳамсоҳо писарбача аз  марг наҷот дода шуд, вале ҷасади беҷони духтари ноболиғро танҳо баъди ду соати ҷустуҷӯ,  соати 18:40, тақрибан 30 метр поинтар аз ҷои ғарқ шуданаш пайдо карда, аз об берун кашидаанд.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Оила” хабар дод, ки духтари ҳалокшуда Амина ном дошт ва ҳангоми наҷоти додаронаш ғарқ шудааст. Ин нашрия ба нақл аз як сокини Ҳисор ин ҳодисаро чунин тасвир кардааст: “Амина, ки дар синфи 8 мехонд, аз хонаи худашон, ки дар деҳаи Гачак воқеъ гаштааст, ҳамроҳи ду додарчааш ба хонаи бобою бибиаш ба деҳаи Навобод меҳмонӣ рафтааст. Ҳангоми бозгашт бародаронаш ба дарё меафтанд ва Амина барои наҷот додани додарчаҳояш худро ба дарё меандозад. Ба духтарак муяссар гаштааст, ки додарчаҳояшро аз об барорад, вале худаш аз об баромада натавонист, ғарқ мешавад…”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button