ВидеоМинтақа ва ҷаҳонҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ ДАҲҲО НАФАР БАР АСАРИ СУҚУТИ ҲАВОПАЙМО ДАР НЕПАЛ

Субҳи 15 январи соли 2023 як ҳавопаймои мусофирбар ҳангоми нишастан дар наздикии фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Катманду, пойтахти Непал суқут кард. Дар ин ҳавопаймо, бино ба хабарҳо, 72 нафар: 68 мусофир ва 4 узви экипаж аз шаҳри Покхар ба Катманду парвоз доштанд. Гуфта мешавад, аз ин 72 нафар шояд касе зинда намонда бошад. Ҷустуҷӯи ҷасадҳо бо ҷалби садҳо сарбози артиши Непал дар дарае дар соҳили дарёи Сети дар якунимкилометрии фурудгоҳи Катманду идома дорад.

 Ҳавопаймои мусофирбари тамғаи ATR-72 ба ширкати ҳавпопаймоии Yeti Airlines тааллуқ дошта, аз Покхар ба Катманду дар баробари сокинони маҳаллӣ сайёҳони хориҷиро низ мебурд. Дар ин ҳвопаймо 53 шаҳрванди Непал, 5 шаҳрванди Ҳиндустон, 4 шаҳрванди Русия, ду шаҳрванди Корея, якнафарӣ аз Ирландия, Аргентина ва Фаронса сафар доштаанд. Сафири Русия дар Непал Алексей Новиков низ тасдиқ кардааст, ки 4 нафар аз мусофирони ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Русия буданд ва ҳамаи онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Дар аксҳо ва видеоҳои аз маҳалли суқути ҳавопаймо дар Интернет нашршуда дида мешавад, ки ҳавопаймо дар натиҷаи ин ҳодиса пора пора шуда, аз дохилаш дуд ба ҳаво мебарояд. Дар видеои дигар, ки сокини яке биноҳои воқеъ дар наздикии фурудгоҳи Катманду аз айвони хонааш сабт кардааст, лаҳзаҳои қабл аз суқути ин ҳавопаймо сабт шудааст. Дар сабт дида мешавад, ки ҳавопаймо дар масофаи хеле наздик аз маҳаллаи аҳолинишин парвоз дорад ва сипас якбора ба як тараф якнима шуда, сипас аз дурбини видео нопадид мешавад.

Непал кишварест бо наздики 30 миллион аҳолӣ, ки дар ҷануби қораи Осиё, дар байни ду кишвари абарқудрат: Хитой ва Ҳиндустон ҷойгир шудааст. Қаторкӯҳҳои Ҳимолой бо қуллаҳои баландтарини дунё, аз ҷумла Ҷомолунгма, ё Эверест, дар қаламрави Непал ҷойгир шудаанд ва ба ин далел, ҳар сол садҳо ҳазор кӯҳнавард барои фатҳи ин қуллаҳо ба Непал меоянд. Як манбаи асосии даромади Непал низ аз ҳисоби ҳамин сайёҳони хориҷист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button