ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ДАР ҶУСТУҶӮИ ҒИЗО? СОКИНОНИ МАСТЧОҲ “САЙРУГАШТ”-И ГУРГОНРО БА НАВОР ГИРИФТААНД (ВИДЕО)

Сардиҳои ахир дар Тоҷикистон нафақат зиндагии сокинонро дучори мушкилоти сахт кард, балки ҳатто ҳайвоноти ваҳширо ҳам маҷбур кардааст, ки дар ҷустуҷӯи хӯрданӣ ба маҳалҳои зисти одамон ҳамла биоранд. Дар ноҳияи Мастчоҳ сокинон гургонеро ба навор гирифтаанд, ки дар рӯзи равшан дар наздикии маҳалҳои аҳолинишин дар рӯи барф ба истилоҳ “сайругашт” мекарданд.

Борбад Баҳромзода, хабарнигори рӯзномаи “Машъал” дар ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ хабар додааст, ки шаби 13 ба 14 январи соли 2023 шоҳиди ҳуҷуми гургҳо дар маҳаллаи Азизободи ин ҷамоат шудааст. Ба гуфтаи Баҳромзода, шаби гузаштаи 13 январ, тақрибан соатҳои 22, як галаи гургҳо, ки тақрибан шумораашон 4-5 сар будааст, ба мурғхонаи ҳамсояшон ҳамла кардаанд, вале сагҳои маҳалла ва ҳамсояҳо онҳоро аз онҷо гурезондаанд. Баҳромзода мегӯяд хушбахтона, мурғҳо ва дигар чорвоҳои маҳалла аз ҳамлаи гургҳо эмин мондаанд.

Шоҳидон бо ирсоли як видео ба “Машъал” хабар додаанд, ки шаби гузашта гургҳоро дар рӯшноии чароғҳо дидаанд ва ҳамчунин рӯзона гургҳо дар наздикии маҳалла ва ҳудуди заминҳои кишоварзии ҷамоат ба мушоҳида расидаанд.

Фарҳод Ҷумъазода, хабарнигори маҷаллаи “Машъал” менависад, одатан бо баробари сард шудани ҳарорати ҳаво дар маҳаллаҳои назди кӯҳӣ гургҳо гурусна монда, ба чорво ва бузу гӯсфанди мардум ҳамла мекунанд.

То ба имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамла гургҳо ба чорвои сокинон ба қайд гирифта нашудааст. Аммо шуъбаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ҳушдор медиҳад, ки сокинон дар чунин сармоҳои шадид бе зарурат ва тани танҳо ба саҳро набароянд.

Исматулло Қозизода, сардори кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Мастчоҳ ба “Машъал”  гуфтааст, эҳтимол ин сардиҳо то 18 январи соли 2023 идома ёбад. Вай аз ҳамаи сокинони ноҳия, хусусан он аҳолие, ки дар маҳаллаҳои наздикӯҳӣ истиқомат мекунанд, хостааст, ки шабонгоҳ дари оғилхонаҳою мурғхонаҳояшонро маҳкам бибанданд ва фарзандони хурсолашонро беназорат нагузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button