ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ЧАРО ФУРӮШИ ДОРУИ МАШКУКИ “ДОК-1 МАКС”-РО ДАР ТОҶИКИСТОН ТО ҲОЛ МАНЪ НАКАРДААНД?

Дар пайи ба 18 нафар расидани шумори кӯдаконе, ки дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дар пайи истеъмоли дорувори “Док-1 Макс” дар шакли ҳаб ва маҳлул бо маззаи лимӯ ва асал ҷон бохтанд, мақомоти тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо тадбирҳои шадидеро рӯи даст гирифтаанд.

Фурӯши ин дорувори истеҳсоли Ҳиндустонро дар Ӯзбекистон аз рӯзи 22 декабри соли 2022 манъ карданд. Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар гуфт, ба зидди масъулони ширкати “Курамакс Медикал”, ки воридоти ин дорувор аз Ҳиндустонро дар даст дошт, парванда кушодаанд.

 Вазорати тандурустии Қирғизистон ҳам эълон кард, ки ҳарчанд дар ин кишвар ҳолатҳои маргу мири атфол дар пайи истеъмоли “Док-1 Макс” сабт нашудааст ва дар соли 2022 ин дорувор ба ин ҷумҳурӣ ворид карда нашудааст, боз ҳам фурӯши онро расман манъ карда, намунаҳои ин доруро барои ташхису таҳлил ба Ташхисгоҳи марказии назоратӣ-таҳлилӣ фиристодаанд.

Вазорати тандурустии Қазоқистон расман эълон кард, ки ин доруи истеҳсоли ширкати ҳиндии “Marion Biotech” бо номи “Док-1 Макс” дар Қазоқистон расман сабти ном нашудааст ва аз ин рӯ, дар дорухонаҳо фурӯхта намешавад.

Дар лобалоаи хабарҳои таҳлукаангез дар бораи марги 18 кӯдак дар пайи истеъмоли ин доруи зидди зуком дар Ӯзбекистони ҳамсоя суоле дар зеҳни ҳама чарх мезанад, ки оё дар дорухонаҳои Тоҷикистон ҳам  «Док-1 Макс» ҳаст ва фурӯхта мешавад?

Дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 декабри соли 2022 ба хабаргузории расмии “Ховар” тасдиқ кардаанд, ки: “Бале, фурӯши маҳлул ва ҳабҳои «Док-1 Макс», ки аз Ҳиндустон омадааст, дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ ба роҳ монда шудааст».

Сардори Сарраёсати ин идора Нуралӣ Гулзода  гуфтааст, билофосила баъди сабти ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз ин дорувор дар Ӯзбекистон кормандони Хадамот корҳои тафтишотӣ ва тадқиқотиро дар ин самт оғоз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол вазорати тандурустии Тоҷикистон аз волидон даъват кардааст, ки ҳама гуна ҳаб ва маҳлулҳои тиббиро танҳо бо дорухати духтур аз дорухонаҳо харидорӣ намоянд.

Аммо, тавре ба назар мерасад, то кунун ягон ниҳоди давлатии Тоҷикистон ҷиҳати манъи фурӯши ин доруи машкук ҳадди ақал то анҷоми таҳқиқу ташхис иқдоме накардааст.

Ва аммо дар ҳоле ки Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ мегӯяд, фурӯши “Док-1 Макс” дар Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ идома дорад, дар вазорати тандурустии Тоҷикистон қаблан ба “Азия Плюс” гуфтаанд, ки ин навъ дору як сол ин ҷониб ба Тоҷикистон ворид намешавад.

Ҳамин тавр, қаблан  дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ба хабаргузории “Авесто” гуфта буданд, ки “ин навъи дору дар дорухонаҳо дар фурӯш ҳаст, вале аз он шикояте то ҳол ворид нашудааст”.

“Мо барои муваққатан боздоштани фурӯши доруи “ДОК-1 Макс” асос надорем. Хушбахтона, дар натиҷаи истифодаи ин дору ягон ҳодисаи мушкилшавӣ ё маргу мир ба қайд гирифта нашудааст, бахусус аз он замоне, ки мо фурӯши маҳсулоти дорусозиро қатъӣ назорат дорем”, –  гуфтаанд дар ин ниҳоди масъули назорати фаъолиятҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, дар чанд дорухонаи Душанбе ба хабарнигорони “Авесто” гуфтаанд, ки  аз ин дору барои фурӯш доштанд, вале ҳоло нест, чунки чанд вақт боз ворид карда намешуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button