ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

БОЗДОШТИ УМЕД ТАШАНОВ БАРОИ ФИРЕБ ДОДАНИ КАМАШ 30 МУҲОҶИРИ ТОҶИК

Марде, ки беш аз 8 сол дар 30 ҳолат пулҳои муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳи қаллобӣ аз худ мекард, дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон дастгир шуд. Дар ин бора рӯзи 28 декабри соли 2022 сомонаи “Фараж” бо такя ба полковник Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон хабар дод.

Бино ба иттилои расмӣ, Ташанов Умед, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Шаҳритус, ки пеш бар асосимоддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаллобӣ суд шудааст ва дигарбора бо айни иттиҳоми қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, дар натиҷаи корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дастгир шуд.

Муаллифи мақола Мавлуда Гулова аз қавли Офоқ Қодириён  хабар дод, ки дар ҷараёни пурсиш муайян карда шудааст, ки Ташанов Умед бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони зиёд даромада, аз онҳо аз 3 ҳазор то 168 ҳазор сомониро бо роҳи қаллобӣ тасарруф кардааст. Худи Ташанов барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи мақомот, Ташанов ба муҳоҷирони фиребхӯрда ваъдаҳои болобаланде, ба мисли гирифтани шаҳрвандии Русия, аз байн бардоштани “запрет”, яъне маҳдудият дар роҳи сафарашон ба Русия ваё бо нархи арзон дастрас кардани чиптаи сафар ба он кишварро медод, аммо маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиатҳои худ сарф кардааст.

– Ташанов Умед бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 ҳолати қаллобӣ гумонбар дониста шуда,  парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз шаҳрвандоне, ки ба фиреби ин нафари ҷиноятпеша афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ба шуъбаҳои милитсия маҳалли зисташон муроҷиат кунанд, – изҳор доштааст Офоқ Қодириён.

Ҳар сол беш аз як миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои таъмини рӯзгор ба кишварҳои хориҷӣ ва асосан ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ҳар сол садҳо нафар аз ин муҳоҷирони тоҷик дар мулки мусофират қурбони қаллобон мешаванд. Мутаассифона, аксари ин қаллобоне, ки муҳоҷирони тоҷикро фиреб медиҳанд, ҳамватанҳои худи онҳоянд.

Ба қавли маъруф, аз мост, ки бар мост…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button