ВидеоКоррупсия

ТАСАРРУФИ 668 ҲАЗОР СОМОНӢ ДАР ЯК ФИЛИАЛИ “ТОҶИКСУҒУРТА”

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  рӯзи 26 декабри соли 2022 аз ошкор шудани ҳолатҳои тасарруфи маблағҳои бузург дар  дар филиали корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” дар шаҳри Душанбе хабар дод. Маркази матбуоти Агентӣ гуфт, ин ҳолатҳои тасарруфи маблағҳо дар ҷараёни санҷиши молиявии фаъолиятҳои ин филиал ошкор гардид.

“Дар асоси Нақшаи тафтишу санҷишҳои молиявии Агентӣ барои солҳои 2021-2022 дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Душанбе санҷиши молиявӣ гузаронида шуд. Зимни санҷиш вобаста ба даромад ва хароҷоти варақаҳои ҳисоботӣ муайян гардид, ки масъулини корхонаи мазкур ба миқдори 5375 дона полисҳои суғуртавӣ, ки маблағи он тибқи меъёрҳои муқарраршуда 668200 сомониро ташкил медиҳад ба шаҳрвандон фурўхта, ин маблағро тасарруф намуданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия.

Тафсилоти дигар оварда нашудааст. Ин ҳам гуфта нашудааст, ки оё ягон нафар аз масъулони ин корхона дастгир шуд ё на?

Дар иттилоияи агентӣ танҳо гуфта шудааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур маводи ҷамъбастӣ бо натиҷаҳои санҷиши молиявӣ барои қабули қарори қонунӣ ба сохторҳои дахлдори Агентӣ пешниҳод гардид ва ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.

Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” яке аз ниҳодҳои давлатии ғайришаффоф ва фасодзада ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button