ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БОЗДОШТИ ЯК ГУРУҲИ НОБОЛИҒОН БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ЯК ХОНАНДАИ СИНФИ 8 ДАР КӮЧАИ ФИРДАВСӢ (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 26 декабри соли 2022 хабар дод, ки ҳамаи иштирокчиёни латтукӯби як ноболиғ аз ҷониби хонандагони чанд мактаб дар кӯчаи Фирдавсии пойтахтро муайян ва дастгир кардаанд.

Шоми 25-уми декабр  дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Парвиз ТВ, видеое нашр гардид, ки дар он лаҳзаи муноқиша ва зери латукӯб қарор додани як ноболиғ аз ҷониби гурӯҳи наврасон инъикос ёфта буд.

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе гуфт, аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт як қатор чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ҳолати ҷинояти мазкур пурра муайян карда шуд ва вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудаанд.

“Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 13:00 дақиқа дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе рух додааст. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №77, №78 ва №57, ки бо ҳамдигар рафиқанд, бо маслиҳати пешакӣ як хонандаи синфи 8-уми МТМУ №5-ро мавриди латукӯби шадид қарор дода, ҳамзамон ҳолати авбошии худро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоия.

Бино ба гузориши милитсияи пойтахт, дар ҳоли ҳозир ҳамаи гумонбаршавандагон дастгир гардида, аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ маводи лозима тартиб дода шудааст ва қазия мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Дар бораи сабабҳои он хонандаи синфи 8-ро латтукӯб кардани ин гуруҳи наврасон дар иттилоияи милитсияи Душанбе чизе гуфта нашудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button