МАРГИ ТИФЛИ ЯКСОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Рӯзи 19 декабри соли 2022 дар ноҳияи Волхови вилояти Ленингради Русия як тифли муҳоҷирони тоҷик вафот кардааст.

Бино ба гузориши нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 78.РУ, шоми душанбе, 19 декабр, ба пулис аз “Ёрии таъҷилӣ” хабар додаанд, ки дар бинои № 43 дар хиёбони Волхови шаҳри Волхов ҷасади як кӯдаки санаи таваллудаш моҳи октябри соли 2021 бе аломатҳои марги маҷбурӣ ёфт шудааст.

Падару модари кӯдак гуфтаанд, ки субҳи 19 декабр аҳволи писари онҳо ногаҳон бад шуд — қай мекард ва шикамаш мерафт. Бегоҳӣ онҳо ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задаанд, вале тифли маъсум ҳанӯз то омадани табибон ҷон додааст. Ҷанозаи кӯдакро барои ташхиси сабабҳои маргаш ба морг бурдаанд. Мақомот шишаи шири ӯро низ барои ташхис гирифтаанд. Тафтиши сабабҳои марги кӯдак идома дорад.

Гуфта мешавад, падару модари ин тифл ҳарду аз Тоҷикистон буда, дар ягон ҷо кор намекарданд.

Шаҳри Волхов дар тақрибан 120-километрии шарқи шаҳри Санкт-Петербург, дар наздикиҳои кӯли Ладога ҷойгир шудааст.

Дар ду ҳафтаи охир аз Русия алакай дар бораи марги дастикам 6 тифли муҳоҷирони тоҷик хабарҳо ба даст расиданд.

Аз ҷумла рӯзи 6 декабри соли 2022 бар асари сӯхтор дар як хонаи бому девораш чӯбин дар хутор ё деҳаи Усмани ноҳияи Багаевои вилояти Ростови Русия ду кӯдаки хурдсоли як оилаи муҳоҷирони тоҷик – духтарчаи дусола ва писарчаи панҷсола ҷон бохтаанд. Дар он рӯзи наҳс падару модари ин ду кӯдаки ғӯррамарг барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон ба маркази муҳоҷирон рафтаанд. Тақрибан соати 16, хонаи онҳо ногаҳон даргирифтааст. Кӯдакони оҷиз, ки дар хона танҳо буданд ва худро наҷот дода натавонистанд, дар оташ нобуд шудаанд…

Рӯзи 7 декабри соли 2022  дар ду гӯшаи гуногуни шаҳри Санкт-Петербурги Русия якбора ду кӯдаки хурдсол аз ду оилаи муҳоҷирони тоҷик ба иллати сармохӯрдагӣ ҷон доданд. Яке аз ин тифлони ғӯррамарг 3 сол дошта ва дуюмӣ ҳамагӣ панҷмоҳа будааст.

Рӯзи 13 декабр аз хонаи як шаҳрванди сарватманди Хитой дар деҳаи Прудкии ноҳияи Раменское вилояти Маскав ҷасадҳои се муҳоҷири тоҷикро пайдо карданд. Далер А. (27-сола), дуюмӣ Шоира Р. (23-сола) ва тифли Шоира Умигулсун П. (4-сола) ба эҳтимоли ғолиб аз нафас кашидани гази шабона ихроҷшуда ҷон додаанд. Далеру Шоира барои соҳиби ин хона кор мекарданд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Бисёрии онҳо бо аҳли хонаводаҳои худ ба Русия мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла даҳҳо тифли тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист, аз ҷумла сӯхторҳо, ва бемориҳо аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button