ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ФАЙЗАЛӢ ҲАСАН ҶАРРОҲӢ ШУДААСТ. ДАР ҲАҚҚИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ДУО КУНЕД!

Овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳофизи мардумии Тоҷикистон  Файзалӣ Ҳасан ҷарроҳии талхадонро паси сар кардааст. Дар ин бора дар Фейсбук Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи “СССР” хабар дод ва аз ҳамаи мухлисон хост, ки дар ҳаққи ин ҳунарманди варзида даст ба дуо бикушоянд.

Файзалӣ Ҳасан, овозхон, оҳангсоз ва Ҳофизи мардумии Тоҷикистон, соли 1948 дар ноҳияи Шӯрообод (ҳоло Ш.Шоҳин) ба дунё омадааст. Ӯро ҳамчун пайрав ва давомдиҳандандаи сабки Одина Ҳошим, яке аз ҳунармандони номии тоҷик медонанд. Файзалӣ Ҳасан ба хусус дар сароидани таронаҳои мардумӣ ва Фалаки роғӣ маъруф буда, солҳои охир таронаҳои сӯфиёна ва мазҳабӣ низ зиёд иҷро мекунад.

Ин ҳунарманди шинохта ҳамчун як марди пурзарофат низ ном баровардааст ва дар байни мардум даҳҳо латифае паҳн шудааст, ки қаҳрамонаш Файзалӣ Ҳасан аст. Худи ӯ ҳам ин латифаҳоро бо завқ гӯш мекунад ва озурда намешавад, ки дар борааш латифа мебофанд.

Файзалӣ Ҳасан солҳои тӯлонӣ дар театри халқии ноҳияи Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) кор карда, танҳо дар солҳои 90, ки алакай як ҳунарманди маъруф шуда буд, ба Душанбе кӯчид. Ӯ ҳоло дар деҳаи Балхи ноҳияи Рӯдакӣ дар канори пойтахт ба сар мебарад.

Файзалӣ Ҳасан моҳи октябри соли 2021 ҳамсараш Бодиламоҳ Забироваро аз даст дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button