ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ПОДПОЛКОВНИК ЗУЛФОНОВ – МУОВИНИ СОБИҚИ ФАРМОНДЕҲИ ОМОН

Муовини собиқи фармондеҳи ОМОН – Дастаи тайиноти махсуси милитсияи ВКД Тоҷикистон  подполковник Зулфонов Ҳабибулло (Ҳабиб) вафот кардааст. Дар ин бора дар як номаи таслият генерал-майор  Сӯҳроб Рауфзода, фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон хабар дод.

Номаи таслияти генерал Рауфзодаро рӯзи 4 декабри соли 2022 дар Фейсбук  Mуним Оламов, раҳбари нашрияи “Имрӯз Нюс” нашр кард.

Сӯҳроб Рауфзода дар бораи кай ва чӣ гуна ҷон бохтани Ҳабибулло Зулфонов тафсилоти зиёд надодааст ва танҳо навиштааст, ки ӯ ба наздикӣ дар “яке аз тасодуфҳо” ҳалок шуд.

“Таьрих аслан аз намунаи корномаҳо ва фидокориҳои шахсиятҳои баргузида шакл мегирад, ки бозмондагон он таҷрибаву он корномаҳоро биомузанд, аз он сабақ бигиранд ва дар асоси он осори баҷомондаи шахсиятҳои наҷиб, масири ҳаётии ояндагонро муайян бисозанд!

Мо хотироти неки дӯсти азизамон Ҳабибулло Зулфоновро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард!

Ёдат ба хайр! Ҷаннати ҷовид макони охиратат бод, дӯсти азиз!” – навиштааст генерал Рауфзода.

Бисёриҳо дар зери ин хабар бо талаби охирати обод барои подполковник Зулфонов даст ба дуо кушодаанд. Онҳое, ки ӯро мешинохтанд, аз Ҳабибулло Зулфонов ба ҳайси як ҷавонмарди хубу самимӣ ва хоксор ёд кардаанд. Mуслим Зулфонов, бародари марҳум ба ҳама барои суханони хубашон изҳори сипос карда, дар васфи ӯ навиштааст: Беҳтарин рафиқ, беҳтарин ака, ,калони хона,,асои модар. Аллоҳ раҳматат кунад, акаҷони ман!”

Имсол алакай дастикам се корманди ОМОН ба таври фоҷиавӣ ҳалок шуданд. Ду корманди ин дастаи махсуси милитсия моҳи май дар роҳ ба сӯи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Дарвоз бар асари ба дарёи Панҷ сарозер шудани мошинашон ҷон бохтанд. Нирӯҳои ОМОН барои иштирок дар “амалиёти зиддитеррористӣ”, ки мақомот барои пароканда кардани мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшон ба роҳ андохтанд, ба он вилоят сафарбар шуда буданд.

https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=pfbid032JdfJPKko9Pv3eW7BaTncgZZiwcKy9bAx8oLGV85x4YXM7fDYfQ4xxZMjC7T1kKYl&id=100001598502914

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button