ВидеоМуҳоҷирон

5 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ҲАНГОМИ БОЗДОШТ ПУЛИСИ РУСРО ЗАХМӢ КАРДААСТ

Пойгоҳи хабарии “Открытый Нижний” хабар дод, ки рӯзи душанбеи 5 декабри соли 2022 як зодаи Тоҷикистон ҳангоми боздошт дар шаҳри Дзержински вилояти Нижний Новгороди Русия корманди пулисро аз пистолет (туфангча) захмӣ кардааст.

 Бино ба гузориши ин пойгоҳ, рӯзи  5 декабр ду зодаи Тоҷикистон, ки яке 24 ва дуюмӣ 25 сол доштанд, савори мошини ВАЗ ба шаҳраки Бабушкино барои гирифтани “бор” аз “махфигоҳ” (“закладка”) омадаанд. Ваале маълум шудааст, ки ин “махфигоҳ” бардурӯғ аз сӯи кормандони пулис сохта шуда буд ва кормандони пулис онҷо роҳи қочоқбаронро мепоидаанд.

Ҳангоми боздошт зодагони Тоҷикистон ба пулис муқовимат нишондаанд ва яке аз онҳо талош кардааст, ки туфангчаро аз дасти афсари пулис кашида бигирад. Ҳангоми қадбақад ӯ ангушти корманди пулисро, ки дар ин лаҳза кулангчаи пистолетро зер карда буд, фишор овардааст ва корманди пулис кулангчаро зер кардааст. Дар натиҷа, тир аз пистолет берун шуда, ба рони пои афсари пулис расидааст. Ӯро бо захми тир ба бемористон бурдаанд.

Ду зодаи Тоҷикистонро дар ниҳоят дастгир кардаанд, вале аз онҳо ягон чизи мамнӯъ, аз ҷумла маводи мухаддир пайдо накардаанд. Танҳо аз ҷавони тоҷики 24-сола як китоби “Қуръон” пайдо кардаанд. Рӯзи 6 декабр дар манзилҳои онҳо низ кофтукоб гузарондаанд, вале натиҷаи он ҳанӯз расонаӣ нашудааст.

Гуфта мешавад, ки ҷавони 25-сола, ки ба афсари пулис ҳамла кард, дар Дзержинск кор мекард, вале дуюмӣ дар соли чоруми техникуми кимиёвии ба номи Артиши Сурх таҳсил мекард. Ҳарду дар Русия ҳаққи иқомати дарозмуддат ва дар Дзержинск сабти номи расмӣ доштаанд.

Ба онҳо барои зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, манбаи асосии тавлиди ҳероин, афюн ва ҳашиши дунё, 1370 км марзи муштарак дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ”  ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русияву Қазоқистон табдил ёфтааст.

Аз 7 ҳазор маҳбуси тоҷике, ки дар маҳбасҳои Русия адо мекунанд, чорякаш маҳз барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.


Image for [node:title]

Image for [node:title]
Image for [node:title]
Image for [node:title]

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button