ВидеоИқтисод

СОХТМОНИ 51 КМ РОҲ ВА 11 ПУЛ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒДРО БА ЯК ШИРКАТИ ХИТОЙ СУПУРДААНД

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи ваколатдори Корпоратсияи China Railway Wuju (“Чайна Рейлвай Вуҷу”) Чжан Лян рӯзи 25 ноябр қарордодеро имзо карданд, ки бар асоси он сохтмони чаҳор қитъаи шоҳроҳҳо дар вилояти Суғд бо дарозии умумӣ 51,2 км  ва бунёди 11 кӯпрук ё пули нав ба ин ширкати хитоӣ супурда мешаванд. Маркази матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ин роҳҳо  дар доираи лоиҳаи Марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” ба маблағи 56,6 млн доллари ИМА бунёд карда мешванд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз  паймонкори интихобшуда даъват кардааст, ки  корҳои сохтмонӣ тибқи талаботи меъёрӣ бояд босифат ва дар муҳлати муайянгардида анҷом дода шаванд. Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа паймонкор бояд кормандони баландихтисоси муҳандисӣ-техникиро ҷалб намуда,  90%-и коргарони лоиҳаро бояд аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ба кор гирад.

Лоиҳаи мазкур таҷдиди қитъаҳои роҳи мошингарди Куруш-Бекобод ба дарозии 12,3 километр, Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров ба дарозии 22,0 километр, азнавсозии қитъаҳои роҳи мошингарди Бобоҷон Ғафуров – Ҳистеварз – дарозиаш 6,6 километр ва Конибодом — Кучкак ба дарозии 10,3 километрро дар бар мегирад. Бино ба иттилои вазорати нақлиёт, дар доираи ин лоиҳа 11 пули нав бо дарозии умумии 444,2 метр низ сохта мешаванд.

Вазорати нақлиёт дар бораи манбаъҳои маблағгузориии ин лоиҳа чизе нагуфтааст, вале қаблан гузориш шуда буд, ки Бонки ҷаҳонӣ дар чорчӯби тарҳи Марҳилаи чоруми Барномаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” ба Тоҷикистон 132 миллион доллар кумак ҷудо кардааст.

Солҳои охир Тоҷикистон бозсозии аксари шоҳроҳҳояшро ба маблағи садҳо миллион доллар ба ширкатҳои хитоӣ вогузор мекунад. Аз ҷумла бозсозии роҳҳое, чун шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе  – Ваҳдат – Лахш, Душанбе – Бохтар ва бунёди нақбҳои Шаршару Шаҳристонро ширкатҳои  Хитой анҷом доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button