ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПУТИН ТАЪСИСИ ИТТИФОҚИ СЕГОНАИ РУСИЯВУ ҚАЗОҚИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОНРО ПЕШНИҲОД КАРДААСТ (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин таъсиси иттифоқи сегонаи Русия ва Қазоқистону Ӯзбекистонро пешниҳод кардааст. Дар ин бора президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев шоми 28 нябри соли 2022 дар пайи анҷоми музокироташ бо Путин дар Кремл хабар дод. Ба гуфтаи Тоқаев, Қазоқистон барои баррасии ин пешниҳод омода аст. Тоқаев гуфт, Путин мехоҳад пиромуни ин масъала ба президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳам занг бизанад.

Тоқаев дар мулоқоташ бо сарвазири Русия Михаил Мишустин, ки шоми 28 ноябр билофосила баъди мулоқоти ӯ бо Путин доир шуд, гуфт:  “Имрӯз ман бо Владимир Владимирович дар бора таъсиси як навъ иттифоқи сегона суҳбат кардем ва ӯ мехоҳад ба президенти Ӯзбекистон низ занг бизанад. Мо, ҳадди ақал худи ман, бояд ба ин мавзӯъ бипардозем, то ки ба як натиҷа ва тавофуқи дилхоҳ ноил шавем. Чаро не?”

Тоқаев гуфт, бархе масоиле, аз ҷумла дар масъалаи газ, дар байн ҳаст, ки музокироти бештар металабанд. “Вале мо ягон масъаларо доғ карданӣ нестем. Ман ба Владимир Владимирович танҳо ҳамин қадар гуфтам, ки чунин масъалаҳо дар байн ҳаст, ки баррасиро талаб мекунанд, вале комилан бидуни доғ кардани мавзӯъ. Ин масоили сирф корист”.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, ки тоза як ҳафта пеш барои 7 соли дигар ба ин мақом дубора интихоб шуд ва рӯзи 26 ноябр адои савганд кард, рӯзи 28 ноябр бо нахустинс афари расмии хориҷиаш аз Маскав боздид кард.  Тоқаев дар Маскав Русияро “шарики стратегии асосии Қазоқистон” номид. Путин ба навбати худ Тоқаевро дӯсти наздик номид ва ба фарқ аз дафъаҳои қаблӣ, номи ӯро пурра ва бидуни ягон шикаст ва хато ба забон овард.

Аз иттилоияи расмии Кремл ва Оқӯрда бармеояд, ки Путин ва Тоқаев мавзӯи ҷанги Русия ба зидди Украинаро баррасӣ накардаанд.

Қазоқистон ҷанги Русияро маҳкум накард, вале сарзаминҳои аз сӯи Русия ишғолшудаи Украинаро низ ба расмият нашинохт, балки баракс аз якпорчагии қаламрави Украина пуштибонӣ карда, ба он кишвар ёриҳои башарӣ фиристод. Вале ҷанги Украина ба иқтисоди Қазоқистон зарбаи ҷиддӣ зад ва аз ҷумла имконоти содиротии ин кишвари саршор аз манобеи нафту газ ва маъданҳоро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод.

Тоқаев соли 2019 дар пайи истеъфои ногаҳонии Нурсултон Назарбоев, ки қариб 30 сол бар Қазоқистон ҳукм ронд, бо пешниҳоди Назарбоев ба мақоми президентӣ расид. Вале то оғози соли 2022 Тоқаев бештар як президенти намоишӣ буд ва қудратро Назарбоев тавассути одамонаш дар дасти худ нигоҳ дошта, аз паси парда ҳамчунон идораи умури кишварро дар даст дошт.

Дар пайи эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022 Тоқаев тавонист нуфузи Назарбоев ва одамони ӯро ба умури давлатӣ хеле коҳиш дода, ҳукумати худро мустаҳкамтар кунад. Дар доираи ин тақсимоти нави қудрат даҳҳо нафар аз одамони Назарбоев, аз ҷумла хешовандони наздики ӯ, аз мансабу тиҷоратҳои равғанинашон маҳрум гардида, чанд нафар ба зиндон ҳам рафтанд.

Ӯзбекистон ҳам, ки мисли Қазоқистону Русия, аз тавлидкунандагони бузурги газ ба шумор меравад, дар мавриди ҷанги Русия ба зидди Украина мавқеи бетарафона гирифт ва моҳи март президент Мирзиёев ҳатто вазири хориҷааш Абдулазиз Комиловро дар пайи як изҳороташ ба пуштибонӣ аз якпорчагии қаламрави Украина аз вазифа озод кард.

Талоши Русия барои  таъсиси иттифоқи нав бо Қазоқистону Ӯзбекистон дар ҳолест, ки кишварҳои Аврупо дар пайи ҷанги Украина соҳаи газу нафти Русияро таҳти таҳримоти торафт шадидтар қарор дода истодаанд.  Ин Русия ба зарурати ҷустуҷӯи иттифоқчиёни қавӣ рӯбарӯ кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button