ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ХУҶАНД ЯК ДУХТАРИ 18-СОЛАРО КОРД ЗАДААНД

Сокини 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд  ба он айбдор мешавад, ки шоми 31 октябр, дар ҳавлии истиқоматиаш бо духтари 18-солаи сокини шаҳри мазкур ҷанҷол карда, бо корд як маротиба ба дасти рости духтар задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида осеби миёна ба саломатӣ бардоштааст.

хххххххх

Сокини 61-солаи шаҳри Ваҳдат ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз 31-уми декабри соли 2018 аз як сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб 85 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 29.11. 2022

Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

004

Нисбати марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Номбурда, 31-уми октябри соли 2022, тахминан соати 17:00, дар ҳавлии истиқоматиаш бо духтари 18-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани зарар бо корд 1 маротиба ба дасти рости ҷабрдида задааст.
Дар натиҷа, тибқи санади ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ба дараҷаи миёна мансуб мебошад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани ҳолати қаллобӣ

046

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 31-уми декабри соли 2018, марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 85 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button