ВидеоМуҳоҷирон

17 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЯК МАНСАБДОРИ БАЛАНДПОЯИ ДОҒИСТОН БАРОИ КУШТАНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ИСЛОМ ОБЛОҚУЛОВ (САМАНДАР ҚАЛАНДАРОВ)

Додгоҳи вилояти Брянски Русия рӯзи 25 ноябри соли 2022 муҳокимаи парвандаи куштори шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонл Ислом Облоқуловро, ки қаблан Самандар Қаландаров ном дошт, ба поён расонд ва фармоишгар ва иҷрокунандаи дуюми қатли ӯро мутаносибан ба 17 ва 18 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додгоҳ онҳоро дар куштори фармоишӣ бо бераҳмии махсус аз сӯи гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва одамрабоӣ гунаҳкор шинохт.

Қаблан ҳамин додгоҳ, як қотили дигари Ислом Облоқуловро, ки барои ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуда, ба зидди шариконаш баёнот дода буд, ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарсе маҳкумшудагон аз ҷумҳурии Доғистон буда, фармоишгар – Элхон Зайналов дар гузашта дар мансаби баланди раиси идораи обу корези ҷумҳурии Доғистон (“Дагводоканал”) кор мекардааст. Бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, Элхон Зайналов қатли Ислом Облоқуловро ҳамчун интиқом барои куштани писараш аз сӯи ин зодаи Тоҷикистон фармоиш додааст.

Тавре пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дода буд, ин моҷарои мудҳиши куштор аз ҳисси интиқом аз он сар шуд, ки Самандар Қаландаров баъди ихроҷаш аз Русия ва маҳрум шудан аз ҳаққи сафар ба ин кишвар ному  насаби худро дар Тоҷикистон ба Ислом Облоқулов иваз карда, ба Русия баргашт. Моҳи сентябри соли 2019 дар як клуби шабона дар шаҳри Маскав байни ӯ ва сокини 21-солаи вилояти Маскав, ки зодаи Доғистон ва фарзанди раиси “Дагводоканал” Элхон Зайналов буд, муноқиша бархостааст ва Ислом Облоқулов он ҷавони доғистониро корд зада, кушт. Баъди ин ӯ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фирор карда, таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт.

Падари ҷавони кушташуда Элхон Зайналов дар шаҳри Маскав бо ду марди зодаи Доғистон вохӯрда, ба онҳо барои пайдо кардан ва куштани қотили фарзандаш маблағи калон пешниҳод кардааст. Зайналов ба ин ду нафар 2 миллион рубл дода, ваъда додааст, ки баъди иҷрои фармоиш боз 3 миллион рубли дигарашон хоҳад дод.

Ин ду нафар муайян кардаанд, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Брянск пинҳон шудааст. Баъди маълум кардани маҳалли будубоши ӯ, онҳо бо мақсади куштани ҷавони тоҷик бо мошин ба Брянск омадаанд.

Рӯзи 15 июли соли 2021, он ду марди доғистонӣ ба манзили шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ дар хиёбони Ленини шаҳри Брянск зада даромада, ӯро латтукӯб кардаанд ва сипас ба сараш халтаи полиэтиленӣ кашида, бо зӯрӣ аз хонааш рабудаанд.

Сипас онҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба мошини худ бор карда, ба як ҷангал дар ҳудуди ноҳияи Брянск берун аз шаҳр бурда, бо скотч халтаи сари ӯро маҳкам бастаанд ва Ислом Облоқуловро зинда ба зинда ба як чуқурии қаблан кандашударо андохта, ба болояш хоку рег рехтаанд.

Ҷавони тоҷик дар зери хок нафасгир шуда, ҷон додааст.

Дӯсти Ислом Облоқулов, ки ҳамроҳи ӯ дар Брянск иҷора менишаст, ба пулис дар бораи ғайб задани ӯ хабар дод ва алакай баъди як ҳафта мақомот тамоми иштирокчиёни ин ҷиноятро дастгир карда, ба Брянск оварданд.

Ҳар сол дар Русия то ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Бемориҳо, садамаҳо ва фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист аз иллатҳои умдаи маргу мири муҳоҷирони тоҷик  дар он кишвар ба шумор мераванд, вале ҳар сол дар Русия чанд муҳоҷири тоҷик кушта ҳам мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button