ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 28 ҲАЗОР “МИКИ МАУС” ВА БОЗДОШТИ ДУХТАРАКИ 15-СОЛА БАРОИ ДУЗДИИ ДУ ГАРДАНБАНДИ ТИЛЛОӢ АЗ “САДБАРГ”

Кормандони милитсия аз ду сокини 20 ва 21-солаи Душанбе 28 ҳазору 200 дона маводи тарфгарии пиротехникии “Мики Маус” дарёфт ва мусодира кардаанд. Ворид кардани чунин маҳсулот ба Тоҷикистон аз соли 2008 манъ карда шудааст.

ххххххххххххххххх

Як духтари ноболиғи 15-сола ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 24 ноябр аз дохили як дӯкони ҷавоҳирот дар Маркази савдои “Садбарг”-и пойтахт ду гарданбанди тиллоии арзишашон 20 ҳазор сомонӣ, ё қариб 2 ҳазор долларро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 28.11. 2022

Пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

005

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 20 ва 21-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд.
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 28 ҳазору 200 дона маводи тарфгарии пиротехникии “Мики Маус” дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2008 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз ҳамон сол инҷониб мувофиқи моддаи 199, эзоҳи 1, қисми 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)» ворид намудани он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин модда гуфта шудааст, ки ғайриқонунӣ ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ манъ мебошад.

Даст ба дуздӣ задани ноболиғи 15-сола

1644688454 1ad0e96d7c8989627f87102b2e2bb681

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 24-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 16:15-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили мағозаи фурӯшиаш дар Маркази савдои “Садбарг”-и пойтахт, 2-адад гарданбанди тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтараки ноболиғи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button