ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ВО-АҶАБ! ГУЛПАРӢ ВА САРВИНОЗ АЗ РАШК ЯКДИГАРРО ЛАТТУКӮБ КАРДААНД (3 АКС)

Раёсати ВКД дар ш. Душанбе рӯзи 21 ноябри соли 2022 хабар дод, ки як зани 37-сола аз Файзобод ва як духтари 20-солааз Ҳисорро дар пайи занозанӣ дар заминаи рашку ҳасад бо иттиҳоми майдаавбошӣ  7-шабонарӯзӣ ҳабс кардаанд.

Боздошти онҳо дар пайи рӯзи 19 ноябр дар Интернет нашр шудани видеои муноқишаашон сурат гирифт.  Милитсияи Душанбе гуфт, баъди нашри ин навор шаҳрвандону  истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия хостаанд, то ки нисбат ба ин вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ошкор гардид, ки ҷавондухтарони дар навор инъикосгардида шаҳрвандон, Юсупова Гулпарӣ Пирназаровна, санаи таваллудаш 16.05.1985, истиқоматкунандаи деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод ва Каримбекова Сарвиноз Акбарҷоновна, санаи таваллудаш 21.04.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор мебошанд.

Зимни пурсиш муайян карда шудааст, ки “Гулпарӣ ва Сарвиноз бо ҳамдигар шиносоӣ ва муносибати ошноӣ доштаанд. Аммо санаи 19-уми ноябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 10:00, аз сабаби рашку ҳасад, дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Фирдавсӣ бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсия.

Тафсилоти дигаре дар бораи сабаби аз гиребони якдигар гирифтани ду дугонаи ҳамакнун собиқ дар хабар оварда нашудааст. Дар бораи марде, ки ишқи сӯзонаш сабаби ҷанҷоли байни ин ду дугона шуд, низ маълумоте дода намешавад.

Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Юсупова Гулпарӣ ва Каримбекова Сарвиноз тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбат ба ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button