ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 7 НАФАР, АЗ ҶУМЛА ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР СӮХТОР ДАР АНБОРИ ГУЛҲО ДАР МАРКАЗИ МАСКАВ

Шоми 20 ноябри соли 2022 бар асари сӯхтор дар як анбори гулҳо дар маркази шаҳри Маскав дастикам 7 нафар: 6 сокини Русия ва як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Барои шиносоии ҷасадҳои сӯхтаи қурбониён бояд ташхисҳои тиббию додгоҳӣ гузаронда шавад.

Бино ба иттилои раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахти Русия, шоми 20 ноябр дар майдони Комсомолская, ки бо номи “Майдони се вокзал” ҳам маъруф аст, бинои хиштии дуқабатаи анбори гулҳо ба коми оташ рафт. Масоҳати сӯхтор беш аз 2500 метри мураббаъро ташкил додааст. Пеши роҳи алангаи оташро соати 18:20 гирифтанд, вале сӯхтор танҳо соати даҳи шаб пурра фурӯ нишонда шуд. Гуфта мешавад, дар фурӯ нишондани сӯхтор дар анбори ширкати гулпарварию гулфурӯшии “Ново флоре” беш аз 100 нафар ва 35 мошини сӯхторнишонӣ ва ҳатто як қатори роҳи оҳани сӯхторнишонӣ ҷалб карда шудаанд.

 Ба наҷотбахшон муяссар шудааст, ки 7 нафари дигарро аз марг наҷот диҳанд.

Бино ба хабарҳо, дар соли 2019 дар анборҳои ҳамин ширкати “Нове флоре” беш аз 20 мавриди риоя накардани қоидаҳои зидди сӯхторро ошкор карда, ин ширкатро ба маблағи 150 ҳазор рубл ва нафари масъулашро ба маблағи 6 ҳазор рубл ҷарима баста будаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, бо мақомоти Русия дар тамоси пайваста қарор дорад ва талош хоҳад кард, то шахсияти шаҳрванди тоҷики ҳалокшударо зудтар муайян кунанд.

Ҳар сол беш аз як миллион нафар, ё тақрибан нисфи аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба хориҷ ва асосан ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Ҳар сол дар Русия ба далелҳои мухталиф то 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик мемиранд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист, аз ҷумла сӯхторҳо, як иллати умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button