ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

УЗВИ “КОМИССИЯИ 44” ТЕМУР ШОНАЗАРОВ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Узви “Комиссияи 44” Темур Шоназарови 40-сола ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, алакай барои адои ҳукм ба маҳбаси ниҳомаш сангини шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст. Дар ин бора рӯзи 20 ноябри соли 2022 журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳии Тоҷикистон то кунун ин хабарро шарҳ надодаанд, вабе бино ба иттилои Саркорова, додгоҳ Шоназаровро бар асоси қисми дуюми моддаи 187 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба узвият дар созмони ҷиноятӣ гунаҳкор шинохтааст.

 “Темур Шоназаров моҳи июн дар Хоруғ, маркази маъмурии Бадахшон дастгир шуда, ба Душанбе оварда шуд. Ӯ ҳам, мисли дигар аъзои ҳабсшудаи “Комиссияи 44”, дар ҷараёни тафтишот ба адвокат дастрасӣ надошт”, – таъкид кардааст Анора Саркорова.

Бино ба иттилои ӯ, Темур Шоназаров ба тиҷорати хурд машғул буд ва ягона саробони оила ба шумор мерафт. Ӯ соҳиби се фарзанди хурдсол аст, ки аз 4 то 11 сол доранд.

“Комиссияи 44” моҳи январи соли 2021 аз ҷониби фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ бо мақсади ҳаллу фасли ихтилофоти байни мақомот ва тазоҳургарони Хоруғ ташкил шуда буд.

Эътирозҳо дар Хоруғ рӯзи 24 ноябри соли 2021 дар пайи марзи мармузи сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков баъди ҳамагӣ чанд соати боздошташ оғоз ёфт. Издиҳом ҷанозаи Зиёбеков дар рӯи даст аввал дар кӯчаҳои Хоруғ раҳпаймоӣ карданд ва сипас дар майдони марказии шаҳр ҷамъ омада, бо талаби ба ҷазо кашидани гунаҳкорони марги ин лидери ғайрирасмии ҷавонони Роштқалъа чор шабонарӯз тазоҳурот карданд. Мардум рӯзи 28 ноябр, танҳо баъди гирифтани ваъдаи тафтиши парвандаи марги Зиёбеков ва боз ду сокини дигари Бадахшон, ки дар ҷараёни эътирозҳо кушта шуданд, хона ба хона пароканда шуданд.

Дар моҳи майи соли 2022 сокинони аз рафти иҷрои талабашон норозии Бадахшон дигарбора азми эътироз карданд, вале мақомот ин дафъа бо истифода аз нирӯҳои махсус ва силоҳ ин мавҷи нави эътирозҳоро дар “Боми ҷаҳон” саркӯб кардаанд. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо даҳҳо нафар кушта ва ҳудуди 200 нафар дастгир шуданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар аввали моҳи октябр ҳалокати 32 нафар, аз ҷумла 29 сокини Бадахшонро дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ тасдиқ кард ва гуфт, парвандаҳои 109 сокини ин минтақа ба додгоҳ рафта, то аввалҳои октября 77 нафар алакай маҳкум шудаанд.

Мақомот мегӯянд, дар Бадахшон эътирозгарон бо гуруҳҳои муташаккилона ҷиноятӣ якҷо шуда, бо дастури гуруҳҳои мамнӯи ифротӣ аз хориҷ амал мекарданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Тоҷикистонро ба истифодаи беш аз ҳадди нирӯи ва куштори тазоҳургарони осоишта дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои моҳи май дар “Боми ҷаҳон” айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button