ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ТОҚАЕВ ҒОЛИБИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚАЗОҚИСТОН ЭЪЛОН ШУД. ДАР ҶОИ ДУЮМ …“БА ЗИДДИ ҲАМА”

Тавре ҳам, ки интизор мерафт, президенти кунунуии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо касби беш аз 81 фоизи овозҳо ғолиби интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар эълон шуд. Ин интихобот рӯзи 20 ноябри соли 2022 доир шуд.  Мунтақидон аз аввал мегуфтанд, ки 5 номзади дигари барои ҷомиа комилан ноошно танҳо ба хотири риояи расмият ва алтернативӣ вонамуд кардани ин маърака пешбарӣ шуда, ҳеҷ кадомаш тавони рақобат бо Тоқаевро надоранд ва дар асл, натиҷаи ин интихобот аз қабл маълум буд.

Чӣ қадар заиф будани номзадҳои зидди Тоқаев пешбаришударо ин нукта ҳам нишон медиҳад, ки ҷои дуюмро дар овоздиҳӣ на ягон нафар аз ин номзадҳо, балки банди “Ба зидди ҳама” гирифт: 5,8 фоиз ё беш аз 400 ҳазор аз 8,3 миллион нафари дар интихобот иштироккарда ба зидди ҳамаи номзадҳо овоз додаанд.

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, аз 11 миллиону 953 ҳазору 465 интихобкунанда дар интихоботи рӯзи 20 ноябр 8 миллиону 300 ҳазор, ё 69,44 фоиз иштирок кардаанд.

Нурлан Абдиров, раиси Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи пеҳ аз муҳлати президентиро чунин эълон кард:  “Овозҳо чунин тақсим шуданд: ба тарафдорӣ аз Каракат Абден 206 ҳазору 206 нафар, ё 2,6 фоизи интихобкунандагон овоз доданд. Барои Нурлана Авазбоев – 176  ҳазору 116 нафар, ё 2,22 фоиз, ба Жигули Доирабоев – 271 ҳазору 641 нафар, ё 3,42 фоиз, ба Майрам Ҳоҷихон (Кажыкен) 200 ҳазору 907 нафар, ё 2,53 фоиз, ба тарафдорӣ аз Қосим-Жомарт Тоқаев – 6 миллиону 456 ҳазору 392 интихобкунанда, ё 81,31 фоиз ва барои Салтанат Турсинбекова – 168 ҳазору 731 нафар, ё 2,12 фоиз аз шумораи умуумии интихобкунандагон. 406 ҳазору 484 нафар, ё 5,8 фоизи интихобкунундагон ба зидди ҳама” овоз додаанд”.

Натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар ин кишвари собиқи Шӯравии Осиёи Марказӣ ҳанӯз нашр нашудаанд, вале маъмулан натиҷаҳои ниҳоии интихоботҳо дар ин густура аз натиҷаҳои муқаддамотӣ тақрибан фарқе намекунанд.

Натиҷаҳои экзитполи Пажуҳишгоҳи минтақавии “Ҷомиаи боз” низ нишон медод, ки ба тарафдории Тоқаев беш аз 82 фоиз овоз дода, беш аз 5 фоизи мардум ба зидди ҳама овоз додаанд. Пажуҳишгоҳи сиёсати ҷамъиятии марбут ба ҳизби ҳокими “Амонат” (собиқ ҳизби “Нур-Отан”) нишон медод, ки Тоқаев беш аз 85 фоиз овоз гирифтааст.

Хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон ҳанӯз то эълони расмии натиҷаҳои интихобот хабар дод, ки алакай президентҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба Тоқаев занг зада, ӯро ба муносибати “пирӯзии қотеъона” дар интихобот табрик гуфтаанд.

 Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон Қосим-Жомарт Тоқаевро ба  муносибати интихоби дуборааш ба мақоми президенти Қазоқистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои беназир ба нафъи рушди устувор ва шукуфоии Қазоқистони дӯст орзу кардааст. Дар фарҷоми суҳбат президенти Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷоми сафари ҷавобии расмӣ ба Қазоқистон дар вақти барояшон муносиб даъват кардааст ва президенти Тоҷикистон ба навбати худ Токаевро барои боздид ба Тоҷикистон даъват кардааст. “Муҳлатҳои сафарҳо бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Эмомалӣ  Раҳмон ҳамчунин ба Тоқаев барқияи шодбошӣ ҳам фиристода, дар он ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон изҳори умед кардааст.

“Бори дигар ба маснади олии давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардиданатон далели равшани нуфузи баланди сиёсии Шумо ва дастгирии мардум аз роҳи пешгирифтаатон, ки ба рушди афзоишёбандаи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст, мебошад. Бовар дорам, ки дар давраи ояндаи роҳбарии Шумо Қазоқистони бародар дар ин роҳ ба қуллаҳои нав мерасад”,  – навиштааст президенти Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқаш дар ин барқия.

Қосим-Жомарт Тоқаев  69 сол дошта, соли 2019 вақте ба қудрат расид, ки президенти қаблии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба таври ногаҳонӣ баъди қариб 30 соли ҳукмронӣ аз мақом даст кашид ва Тоқаевро вориси худ эълон кард. Тоқаев то аввали соли ҷорӣ нақши як президенти намоиширо иҷро мекард, зеро ҳукуматро аз паси парда ҳамчунон Назарбоев ва одамони ӯ идора мекарданд. Дар пайи эътирозҳои хунини моҳи январи соли 2022, ки 238 кушта ба ҷо гузошт, Тоқаев тавонист ҳукумати худро мустаҳкам карда, Назарбоев ва одамони ӯро аз саҳнаи сиёсии кишвар берун андозад. Дар ҷараёни тақсими нави қудрат бо шурути Тоқаев, шумори зиёде аз аъзои тими Назарбоев, аз ҷумла аъзои хонаводаи президенти қаблӣ, бисёре аз тиҷоратҳои пурфоида ва мансабҳои баланди худро аз даст доданд ва бархеро зиндонӣ ҳам карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button