ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ФАРХОРУ СПИТАМЕН ВА ҒОРАТГАРӢ ДАР ВАҲДАТ

Шаби 19 ноябр, тахминан соати 20:00, дар натиҷаи ба дарахт бархӯрдани мошини тамғаи “Тойота-Камри” дар  роҳи байни ҷамоатҳои Гулшан ва Деҳқонободи ноҳияи Фархор ронандаи 27-солаи ин мошин дар ҷои ҳодиса ҷон дода, мусофири 20-солааш ҷароҳат бардоштааст.

хххххххххххххххх

Субҳи 20 ноябр, тахминан соати 10:00,  бар асари бархӯрди мошини “Мерседес” бо ду мошини дигари “Мердесес” ва “Дэу” дар ҳудуди ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен мусофири 47-солаи “Мерседес”-и аввал дар ҷои ҳодиса ҷон бохта, ронандаву як мусофири “Мерседес”-и дуюм ва як мусофири “Дэу” маҷруҳ шудаанд.

хххххххххххххххххх

Ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ваҳдат  ба он гумонбар мешавад, ки шоми 18 ноябр, тахминан соати 19:40, дар кӯчаи Б.Ҳилолӣ як сокини 36-солаи шаҳри мазкурро бе ягон асос лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ ду телефони тамғаи «Редми-10»-ро кашида гирифтааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз 21.11. 2022

Ҳалокати ронанда ва мусофир зимни садамаҳои нақлиётӣ

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

19-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Файзуллоев Бекмурод Қурбонович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, хангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Гулшан ба самти ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор аз уҳдаи идораи нақлиёташ набаромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда Файзуллоев Б.Қ. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва мусофири дохили автомашина Қурбонзода Шаҳром Юсуф, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Яке аз хонандагони “Бомдод” аз ҷои ин садама акс фиристодааст:


20-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 10:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-211», Сатторов Музаффар Тахтамуродович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-250D», таҳти идораи Зоидов Абдуаҳад Саломович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Хуҷанд бархурда, ҳаракати худро давом дода ба автомашинаи тамғаи “Дэу Дамас”, ки ба Ҷабборов Улуғбек Турсунқулович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Спитамен тааллуқ дорад ва дар канори роҳ меистод, бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-211», Зоиров Ҷумабой Эргашевич, соли таваллудаш 1975, сокини ҳамин ноҳия аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-250D», Зоидов А. ва Ғаниев Ғайбуллоҷон Файзуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Б. Ғафуров ва мусофири автомашинаи тамғаи “Дэу-Дамас”, Уришев Эрназар Шодмонқулович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 18-сола

035

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 19:40-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Б.Ҳилолии шаҳри мазкур қарор доштанаш, шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз дасташ 2-адад телефони мобилии тамғаи «Редми-10»-ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button