ВидеоИқтисод

СОҲИБИ “БОНКИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ” МАЪЛУМ ШУД: ШЕРАЛӢ ХОЛОВ. ӮРО МЕШИНОСЕД?

Ҳафтаи гузашта Бонки бузургтарини Қазоқистон “Халиқ Бонк” (“Бонки халқии амонатгузории “Қазоқистон”, “Народный Сберегательный Банк Казахстана”) эълон кард, ки баъди 3 соли фаъолияташ дар бозори бонкии Тоҷикистон тамоми 100 фоиз саҳмияҳои бахши тоҷикиаш “Халиқ Бонк Тоҷикистон”-ро ба «Бонки байналмилалии Тоҷикистон” мефурӯшад ва бо ҳамин тарки ин кишвар мекунад. Барои бисёриҳо дар ин муомилаи бузург ин паҳлуяш ҳам ҷолиб буд, ки оё соҳибони “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” кистанд?

Радиои Озодӣ рӯзи 21 ноябри соли 2022 дар як матлаби таҳқиқотӣ хабар дод, ки исми моликони ин бонкро маълум кардааст. Нашрия бо такя ба маълумоти сомонаи худи Бонки байналмилалии Тоҷикистон менависад, ки саҳомонаш “Тоҷик Кейтеринг Сервис” ва Холов Шералӣ Сафаралиевич ҳастанд. Ширкати аввал 76,95 фоиз ва Шералӣ Холов 23,05 дарсади саҳмияҳои бонкро ба даст доштаанд. Дар айни замон, дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ба ҳайси молики “Тоҷик Кейтеринг Сервис” низ Холов Шералӣ Сафаралиевич нишон дода шудааст.

Ба ин тартиб, расман ӯ молики ягонаи бонк ба шумор меравад. “Тоҷик Кейтеринг Сервис” ба фурӯши хӯрок дар дохили ҳавопаймоҳо машғул аст. Онро моҳи октябри соли 2009 сабтином кардаанд.

Сомонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон соли 2020 Шералӣ Холовро “соҳибкори ватандӯст” номида, барои сохтани кӯдакистони “Мактаби байналмилалии Душанбе” ситоиш карда буд. Бинобар ин хабар, сохтмони биноро “Тоҷик Кейтеринг Сервис” супориш додаааст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки байналмилалии Тоҷикистон молики чанд ширкати дигар, аз ҷумла “Стандарт-Иҷора” будааст, ки ба амалиёти лизингӣ машғул мебошад.

“Стандарт Бима” аз ширкатҳои дигари таъсисдодаи Бонки Байнулмилалии Тоҷикистон номбар мешавад. Онро соли 2015 бо ҳадафи суғурта ва миёнравӣ таъсис додаанд. Ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ҳоло кор намекунад, “барҳам хӯрдааст”.

Ҳаммуассиси ин ду ширкат Гулов Ҷамшед Шералиевич номбар шудааст. Бар асоси маълумоти расонаҳои наздик ба мухолифон, аз ҷумла “Паём” ва “Ислоҳ”, Ҷамшед Гулов бародари Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ва яке аз домодҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст. Ҷамшед ва Ашраф Гуловҳо фарзандони Шералӣ Гул, вазири пешини энергетика мебошанд.

Банки байналмилалии Тоҷикистон танҳо бонке дар ин ҷумҳурӣ нест, ки зери назорати хешу табори наздики президент Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Дар ҳоли ҳозир,  роҳбарии “Ориёнбонк” дар дасти Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президент қарор дошта, Зарина Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон,  муовини раиси “Ориёнбонк” аст.

“Спитамен Бонк”-ро ба домоди президент  Ҷамолиддин Нурализода (Нуралиев) рабт медиҳанд, вале худи ӯ як сол пеш, вақте ҳанӯз  муовини аввали раиси Бонки Миллӣ  буд, дар нишасти хабарӣ ба ӯ тааллуқ доштани ин бонкро рад карда буд.

Ҳамин тавр, бино ба маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, ширкати “Фароз”, ки онро ба Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президент пайванд медиҳанд, молики “Коммерсбонки Тоҷикистон” аст. “Коммерсбонк” низ қаблан бонки қазоқӣ буд.

“Халиқ Бонк” дар заминаи бонки шӯравии “Сбербанк” (“Амонатбанк”) таъсис ёфта,  бо қариб 10 триллион танга (ҳудуди 2,2 миллиард доллар) пасандозҳои дар ин бонк гузоштаи муштариёнаш бузургтарин ниҳоди молиявии Қазоқистон дониста мешавад.

“Бонки байналмилалии Тоҷикистон” соли 2016 дар заминаи ташкилоти хурди депозитии “Стандарт ва Молия” таъсис ёфта, 9 шуъба ва 12 маркази хидматрасонии бонкӣ дорад. Ин бонк бо беш аз 400 корманд ба муштариёнаш хадамоте, чун гирифтани қарз, амонатгузорӣ, истифодаи ҳамёни электрони ва дигар хадамоти бонкдории телефонӣ IBT24 ва истифодаи кортҳои бонкии дохиливу байналмилалиро пешниҳод мекунад. Пасандозҳои муштариёни ин бонк дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ (моҳи сентябри соли 2022) беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ, ё тақрибан 120 миллион долларо ташкил додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button