ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ НОГАҲОНИИ ДУХТАРИ 12-СОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КАНОРИ ШАҲРИ ПЕТЕРБУРГ

Мақомоти тафтишотии ноҳияи Пушкини шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба таҳқиқи сабабҳои марги ногаҳонии духтари ноболиғи як оилаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон шурӯъ кардаанд.

Бино ба иттилои  хабаргузории “Оперативное прикрытие”,  ҷасади ин кӯдаки мактабхонро рӯзи 20 ноябри соли 2022, соати 11:20 дар манзилашон дар кӯчаи Первомайская дар шаҳраки Шушари пайдо кардаанд. Дар бадани ӯ ягон осори зоҳирии марги маҷбурӣ дида намешуд. Дар бораи ёфт шудани ҷасади ин кӯдак ба пулиси ноҳияи Пушкин фелдшери мошини “Ёрии таъҷилӣ”, ки ба ҷои ҳодиса даъват шуда буд, хабар додааст.

Сабаби марги духтари ноболиғ ҳанӯз маълум нест. Барои муайян кардани иллати маргаш, ҷасади ин духтарро барои ташхис фиристодаанд.

Бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оилаи ин духтар ба сурати умум ҳамчун оилаи хубу солим арзёбӣ мешавад ва дар қайди мақомот қарор надорад. Модари духтари ғӯррамарг 32 сол дошта, шаҳрванди Русия аст ва дар мағозаи хӯрокворӣ ҳамчун кассир (хазинадор) кор мекунад. Падараш 33 сол дошта, шаҳрванди Тоҷикистон аст ва муваққатан кор намекунад.

Шаҳраки Шушари дар канораҳои ҷанубии шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шуда, аз лиҳози маъмурӣ ба қаламрави ноҳияи Пушкин дохил мешавад.

Шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленинград баъди шаҳру вилояти Маскав як самти умдаи сафари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигар ба шумор меравад. Соли 2021 дар ин минтақа, ба ҳисоби мақомот, 320 ҳазор муҳоҷири корӣ сабт шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button