ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

БОЗДОШТИ РАИСИ СОБИҚИ ИДОРАИ КОММУНАЛИИ ХОРУҒ БАРОИ “КУМАК БА ЭЪТИРОЗГАРОН”

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, яке аз пайвандони раҳбари зиндонии диаспораи зодагони Бадахшон Ораз Вазирбековро дар шаҳри Хоруғ дастгир кардаанд.

Наздиконаш хабар додаанд, ки Тоҳир Абдолбеков, раиси пешини хадамоти коммуналии шаҳри Хоруғ ва шавҳари хоҳари Ораз Вазирбеков, ба “расондани ёрии молӣ ба эътирозгарон” гумонбар мешавад. Як намояндаи маъмурияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 21-уми ноябри соли 2022 бидуни додани тафсилот боздошти Абдолбековро тасдиқ кардааст.

Наздикони Тоҳир Абдолбеков гуфтаанд, ӯро ҳафтаи гузашта аз хонааш бурданд. “Ҳанӯз айб эълон нашудааст. Ба мо гуфтанд, ба эътирозгарон ёрӣ расондааст. Беасос аст. Вай ба эътирозгарон ҳеч кумак накарда буд,” – гуфтааст ба Озодӣ яке аз хешовандонаш, ки нахост, номаш зикр шавад.

Тоҳир Абдолбеков дар Хоруғ чанд дӯкон доштааст.

 Ораз Вазирбеков, ки яке аз раҳбарони пурнуфузи диаспораи помириҳо дар Русия дониста мешуд,  ҳамроҳи блогери ҳамнасабаш Рамзӣ Вазирбеков, мутахаллис ба Рамзесс Шогунов, шоми 29 июли соли 2022 дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав “ғайб заданд” ва алакай рӯзи 31 июл дар Душанбе дар боздошт “пайдо” шуданд. Онҳо дар як видео, ки тавассути саҳифаҳои троллҳои тарафдори ҳукумат, маъруф ба “фабрикаи ҷавоб” нашр шуд, гуфтанд, ки гӯё худашон ба Тоҷикистон баргашта, инҷо фаҳмидаанд, ки тафтишот нисбат ба онҳо суолҳои ҷиддӣ дорад ва аз ин рӯ, гӯё худашон мустақилона ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир шудаанд, то ба саволҳои тафтишот ҷавоб гӯянд.

Вале бисёриҳо ба инки Вазирбековҳо ин суханонро худашон бидуни фишор ба забон оварда бошанд, бовар накарданд. Чунки қаблан ҳарду батакрор изҳор дошта буданд, ки агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шаванд, ин ба маъноест, ки онҳоро мақомоти Душанбе бо зӯрӣ бурдаанд.

5 ноябри соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Душанбе Ораз Вазирбековро ба 16 соли зиндон маҳкум кард. Тафсилоти ҳукми ӯ то ҳол расман нашр нашудааст, вале бино ба иттилои ғайрирасмӣ, додгоҳ ӯро ба ифротгароӣ, даъват ба сарнагун кардани ҳукумат ва аз худ кардани кумакҳоти хайрия гунаҳкор шинохтааст. Худи Ораз Вазирбеков дар додгоҳ ин иттиҳомотро рад кардааст.

Ораз Вазирбеков нисбат ба сиёсати ҳукумати Тоҷикистон, бавижа дар масъалаи Бадахшон назар ва мавқеи интиқодии оппозитсионӣ дошт ва қабл аз боздошташ аз мақомоти Тоҷикистон барои саркӯби мавҷи ахири эътирозҳо дар Рӯшону Хоруғ, ба шиддат интиқод мекард.

Ораз Вазирбеков 1 октябри соли 1977 дар маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ аба дунё омадааст. Ӯро вориси Имумназар Имумназаров, яке аз лидерҳои ғайрирасмии пурнуфузи Бадахшон, ки тобистони соли 2012 кушта шуд, мешуморанд.  Зодагони Бадахшон дар Русия Ораз Вазирбековро яке аз лидерҳои асосии ҷамъияти бадахшониҳо дар ин кишвар ном мебурданд ва мегуфтанд, ӯ дар ҷамъият нуфузи зиёд дошта, дар гузашта барои ҳалли чандин мушкили зодагон, аз ҷумла муноқишае, ки бо чеченҳо бархоста буд, мусоидат кардааст. Худи Ораз Вазирбеков мегуфт, “ба сурати ихтиёрӣ ба фаъолиятҳои ҷамъиятӣ низ машғул буда, кӯшиш мекунам, то тартиботро дар дохили ҷамъияти помириҳо нигоҳ бидорам”.

Ӯ ҳанӯз соли 2006 ба таври қонунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шуда буд. Дар баробари Амриддин Аловатшоев, Ораз Вазирбековро яке аз ташкилкунандагони митинги эътирозии зодагони Бадахшон дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Шоми 25 ноябри соли 2021 бо талаби ба ҷавобгарӣ кашондани омилони куштори сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар тангкӯчаи Гранитний переулок дар маркази Маскав ҳудуди 1000 нафар аз зодагони Бадахшон гирди ҳам омаданд, ки то имрӯз яке аз бузургтарин гирдиҳамоиҳои эътирозии зодагони Тоҷикистон дар Русия ба шумор меравад.

Баъди он эътироз мақомоти Тоҷикистон Аловатшоев ва Вазирбековро таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, истирдоди онҳоро аз Русия тақозо карданд. Аловатшоев 11 январи соли 2022 дастгир ва ба Душанбе фиристода шуд. Ораз Вазирбеков дар пайи ин бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ гуфт, агар баногоҳ дар Тоҷикистон пайдо шавад, ҳама бояд бидонанд, ки мақомот ба мақсади худ ноил шуданд ва ӯро маҷбурӣ бурданд.  “Мехоҳам ба самъи ҷомиа бирасонам, ки ман нақшаи сафар ба Тоҷикистонро надорам. Ва дар сурати ғайб задану дар қаламрави Тоҷикистон пайдо шудани ман, ҳама бояд бифаҳманд, ки ин бар хилофи хости ман рӯй додааст”, изҳор дошта буд ӯ.

Баъди саркӯби эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон мақомот ба боздошти беш аз 20 тан аз фаъолони зодаи ин вилоят дар Русия ноил шуданд. Бисёрии онҳо, аз ҷумла Вазирбеков, алакай як ё ду рӯз баъди дар Русия “ғайб заданашон”, дар боздоштгоҳҳои Душанбе “ёфт шуданд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button