ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРГИ ЯК НАВРАС ДАР ГУЛОБОД, ҚАЛЛОБӢ БА МАБЛАҒИ 361 ҲАЗОР ВА ДУЗДИИ “КОРОЛЛА”

Шоми 11 ноябр, тахминан соати 18:20, дар ҳудуди деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ як навраси 16сола зери чархи мошини “Мерседес” монда, дар ҳодиса ҷон бохтааст.

ххххххххххххххх

Сокини 38-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки моҳи ноябри соли 2020 аз як сокин бо ваъдаи гирифта додани манзил 361 ҳазор сомонӣ гирифтааст, вале то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, ин пулҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
ххххххххххххх

Сокини 34-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи ноҳияи Рӯдакӣ ба он айбдор мешавад, ки соати дувоздаҳуними шаби 12 ноябр мошини “Тойота- Королла»-и як сокини Душанберо дуздида, дарк ӯчаи Шамсӣ ба ҷӯйбори обгузар чаппа кардааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 14 ноябри соли 2022

Ҳалокати ноболиғ дар зери чархи автомашинаи “Мерседес-Бенс”

016

11-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Сулаймонов Шуҳратҷон Насимович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ба самти ноҳияи Восеъ, дар ҳудуди деҳаи Гулобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ноболиғ Бегов Расул Акрамшоевич, соли таваллудаш 2006, сокини ноҳияи Восеъро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Бегов Р.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бо роҳи қаллобӣ гирифтани зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ

043

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020 марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 361 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навсохтмон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, дар масоҳати 71-метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад. Аммо номбурда ваъдаашро иҷро накарда, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Рабудани воситаи нақлиёт

007

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Номбурда, 12-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 00:24-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи «Тойота- Королла»-ро, ки ба марди 62-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда дар кӯчаи Шамсии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷӯйбори обгузар чаппа кардааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button