ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

ДУ ЗАМИНЛАРЗА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ВА ҚИСМАТҲОИ ДИГАРИ ВОДИИ ФАРҒОНА

Субҳи 14 ноябри соли 2022, соати 03:07 ба вақти Тоҷикистон, дар ҳудуди вилояти Суғди Тоҷикистон, вилояти Бодканди Қирғизистон ва чанд вилояти бо Суғд ҳамсояи Ӯзбекистон заминларза рух дода, соати 06:36 замин дар ин минтақа дубора ларзидааст.

Ниҳодҳои зилзиланигории Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора иттилое надодаанд, вале вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон  ва Маркази пешбинии заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар доданд, ки маркази ин офати табиӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Хушбахтона, дар бораи ягон қурбонӣ ё вайронӣ бар асари ин офат гузориш нашудааст.

Зилзиланигорони Ӯзбекистон хабар доданд, ки шиддати заминларза дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер,  3,8 баллро ташкил дода, дар ҳудуди Ӯзбекистон замин бо шиддати 2-3 балл ларзидааст.

Субҳи 14 ноябри соли 2022, соати  03:07 дар Тоҷикистон заминларза рух дод. Макони заминларза 39,93 дараҷаи арзи шимолу ва 69,15 дараҷаи тӯли шарқӣ буда, замин дар умқи 15 километр бо шиддати 3,8 балл ларзидааст. Маркази заминларза дар 149-километрии ҷанубуғарби шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон ҷойгир шуда буд” –  гуфта мешавад дар иттилоияи Маркази пешбинии заминларзаҳои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон.

Дар шаҳрҳои Бекободу Янгиер ва Ширини Ӯзбекистон, ки аз маркази офат аз 33 то 48 километр фосила доранд, шиддати заминларза 3 балл, дар Хавот, ки 50 километр дур аст, 2-3 балл ва дар Зомину Гулистон, ки қариб 70 километр дуртаран, 2 балл баровард шудааст.

Бино ба арзу тӯли додаи зилзиланигорони Ӯзбекистон, маркази заминларзаи субҳи 14 ноябр дар ҳудуди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғди Тоҷикистон дар байни шаҳраки Ғончӣ, маркази ин ноҳия ва деҳаҳои Зароб, Ҳазорчашма ва Муҷум ҷойгир шудааст (БА ХАРИТА НИГАРЕД).

Дар ҳамин ҳол, вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон хабар дод, ки шиддати заминларза дар вилояти Бодканд то 3,5 баллро ташкил дода, соати 07:36 ба вақти маҳаллӣ (соати 06:36 ба вақти Тоҷикистон) дар ин минтақа заминларзаи такрорӣ рух додааст.  Шиддати зилзила дар деҳаҳои Оқсу ва Коммунаи ноҳияи Лайлак 3 балл, дар деҳаҳои Жениш, Искра, Андарак, Тошбулоқ ва дар шаҳри Раззоқов (собиқ Исфана) тақрибан 2,5 баллро ташкил додааст.

Тоҷикистон дар як минтақаи зилзилахези қораи Осиё ҷойгир шуда, ҳар сол дар қаламраваш садҳо заминҷунбӣ сабт мешавад. Аз ҷумла марказҳои зилзиланигорӣ  дар як ҳафтаи охир дар қаламрави Тоҷикистон 2 заминларзаи шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер аз 1,5 балл зиёд,  дар як моҳи охир 14 заминларза ва дар як соли охир 195 заминларзаро сабт кардаанд.

Ёдовар мешавем, 10 июли соли 2021 бар асари заминларза дар водии Рашт 5 сокини ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расида, дар ин ноҳия ва ноҳияи Рашт беш аз 200 хона хароб шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button