ВарзишВидео

БОЗ ЯК КИНОЯИ ДИГАРИ УТКИН БА ТОҶИКИСТОН: “ТОҶИКҲО, ХАФА ШУДАН ГИРЕД! ВАЛЕ РЕГ ҶОИ ҶАВРО ГИРИФТА НАМЕТАВОНАД” (ВИДЕО)

Шореҳи варзиш ва блогери рус Василий Уткин  дар каналаш дар Ютуб дигарбора дар бораи ар умум футболи тоҷик д ва минҷумла пиромуни мухлисони тоҷик бо як лаҳни номуносиб киноя зад.

Уткин гуфт, баъди шарҳи қаблиаш дар бораи бозии дӯстонаи дарпешистодаи тими миллии Русия бо Тоҷикистон ба “юриши тоҷикҳо” рӯбарӯ шудааст. Уткин қаблан гуфта буд, мушкили асосӣ барои футболбозони Русия дар бозӣ ба зидди Тоҷикистон на ҳунару маҳорати футболбозони тоҷик, балки захира кардани оби нӯшиданӣ аст. Манзури Уткин ин буд, ки агар футболбозони рус бе об намонанд, шикаст додани футболбозони тоҷик барояшон ду карат ду аст.

Дар барномаи наваш дар Ютуб Уткин гуфт, ин ҳарфҳои ӯ тоҷикҳоро ба хашм овардааст.

Ӯ дар ин барномааш ҳам бо танзу кинояи зиёд гуфт:  “Як ҳафта пеш ман гуфтам, ки тими Русия имкони интихоби ҳарифонро надорад. Баъди ин дар саҳифаҳои ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ юриши тоҷикҳо сар шуд. Мардум ба чӣ сабабе аз ин гапи ман, ки бояд бо худ оби нӯшиданӣ бигиранд, худро таҳқиршуда ҳис карданд.

Маро бубахшед, вале ман 4 дафъа ба Тоҷикистон рафта буданд ва ҳар дафъа, ки ман ба онҷо парвоз мекардам, ба ман мегуфтанд, ки обро бояд фақат аз зарф бинӯшам. Ман намефваҳмам, ки ин чӣ ҷои хафашавӣ дорад? Барои мисол, ман худам, вақте ки ба Португалия ба чемпионати Аврупо рафта будам, баъди нӯшидани об шикамрав шуда будам.

Хулоса, дар Осиёи Миёна мухлисон хеле хунгарманд, аз ҳарчӣ хафа мешаванд. Тоҷикҳо, агар бо ҳамин сабук шавед, хафа шудан гиред! Ба шумо барори кор дар мусобиқаҳои Осиё. Вале ин ки мо ба ҷои сафар ба чемпионати ҷаҳон бояд бозиҳои дӯстона кунем… Бубахшед, вале дар ин маврид, ба таъбири як классик, рег ҷои ҷавро гирифта наметавонад. Ҳарчанд, ҷин занад, ҳоло аз ман  боз барои калимаи рег ҳам хафа нашаванд?  Дӯстони азиз, реги шумо хеле реги хуб аст, реги олидараҷа аст”.

Баъди шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина, ФИФА ва УЕФА тими Русияро аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карданд. Тими Русия, ки ҳарифони дигар пайдо карда натавонист, вақтҳои охир рӯ ба сӯи тимҳои Осиёи Миёна овардааст. Русия моҳи сентябр дар Бишкек бо тими Қирғизистон як бозии рафиқона анҷом дод ва рӯзҳои 17 ва 20 ноябр дар Душанбе ва Тошканд бо тимҳои миллии Тоҷикистону Ӯзбекистон боз ду бозии дӯстона доир мекунад.

Бисёре аз шореҳони рус иқрор карданд, ки ҳарчанд  сатҳи  футболи Осиёи Миёна пойинтар буда, Тоҷикистон ё Ӯзбекистон, ба таъбири президенти собиқи Федератсияи футболи СССР ва Русия Вячеслав Колосков, Бразилия ё Аргентина нестанд, вале барои тими Русия ҳоло таҷрибаи бозӣ бо ҳар рақиби имконпазир  беҳтар аз умуман ба майдон набаромадан аст.

Вале бо лаҳни аз ҳама тунд ба тими Тоҷикистон ҳамчун рақиби Русия Василий Уткин дарафтод ва киноя зад, ки мушкили оби нӯшиданӣ дар ин бозӣ барои аъзои тими Русия назар ба сатҳи маҳорати рақибони тоҷикашон хеле ҷиддитар аст. Ва вақте рӯзи 7 ноябр тими футзали Тоҷикистон тими футзали Русияро дар Душанбе бо натиҷаи бузурги 10:7 шикаст дод, бисёре аз мухлисони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Уткин салом фиристоданд ва ҳушдор доданд, ки пеш аз пода чанг нахезонад ва гапи калон назанад, зеро ҳанӯз касе намедонад, ки рӯзи 17 ноябр бозии тимҳои миллии футболи ду кишвар чӣ натиҷа хоҳад дод?  Вале рӯзи 8 ноябр бозии дуюми рафиқонаи тимҳои футзали ду кишвар бо ҳисоби низ бузурги 2:6 ба фоидаи Русия анҷом ёфт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button