ВарзишВидеоҶомеа

АВБОШҲО БОКСЁРИ МАШҲУРИ ТОҶИК МЕҲРУБОН САНГИНОВРО БО КОРД ЗАХМӢ КАРДААНД

Муштзани 26-солаи тоҷик ва раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе Меҳрубон Сангинов, ки солҳои охир дар Амрико машқу ҳунарнамоӣ мекунад, ҳадафи ҳамлаи авбошон қарор гирифта, ду зарбаи корд хӯрдааст. Дар ин бора рӯзи 14 ноябри соли 2022 худи варзишгар ба хабаргузории “Азия Плюс” хабар додааст. Бино ба нақли ӯ, ҳамла рӯзи 10 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе, вақте рӯй дод, ки ӯ барои хабаргирии наздиконаш ба Ватан омада буд. Меҳрубон Сангинов мегӯяд, баъди ин ҳамла дар бемористони “Ёрии таъҷилӣ” дар Душанбе ҷарроҳӣ шуд ва се ҳафтаи дигар таҳти табобат қарор дошт ва ҳоло дар Амрико давраи барқароршавӣ реабилитатсияро гузашта истодааст. Меҳрубон сангинов бо изҳори таассуф гуфт, ки ин ҳамла ва оқибатҳояш боиси лағви набарди навбатии ӯ барои дарёфти мақоми довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи Иттиҳодияи умумии ҷаҳонии бокс (WBА) шуд. Ин набард мебоист моҳи декабри соли ҷорӣ дар Орландои Амрико доир мешуд.

Меҳрубон Сангиново бори охир моҳи июли соли 2022  муштзани колумбиягӣ Ҷанер Гонсалесро шикаст дода, дар рейтинги WBА аз зинаи 14 ба зинаи 9-ум баромад ва ҳаққи мубориза барои мақоми довталаби унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст оварда буд. Вале ин набард, ки як моҳ баъд мебоист доир мешавад, ба сабабҳои аз Меҳрубоно новобаста лағв карда шуд.

Меҳрубон Сангинов ба  “Азия Плюс” нақл кардааст, ки қабл аз ин набард рухсатӣ гирифт ва барои хабаргирии наздиконаш ба Душанбе омад, вале ҳеҷ аз гӯшаи хаёлаш намегузашт, ки бо ӯ дар зодгоҳаш, мутаассифона, чунин ҳодисае рух медиҳад.

Меҳрубон ҳодисаро чунин нақл кард:  “Шоми 10 октябр дар шаҳр як гуруҳи бачаҳо ба чанд меҳмони пойтахт часпида буданд. Ман ба онҳо ҳамин қадар гуфтам, ки бо меҳмонон набояд чунин муносибат кунанд. Дар посух ин бачаҳо ба ман ҳамла карданд ва яке аз онҳо ба ман ду зарбаи корд зад”.

Меҳрубонро ба бемористони “Ёрии таъҷилӣ” бурдаанд ва табибон дар қисмати чапи қафаси синаи ӯ захми кордро ташхис карда, ӯро оҷилан ҷарроҳӣ кардаанд. Баъди ҷарроҳӣ ба ӯ тавсия додаанд, ки аз 2 то 4 моҳ бояд таҳти назорати табибон табобат бигирад ва давраҳои барқароршавиро гузарад.

Меҳрубон мегӯяд:  “Баъди он ҳодиса се ҳафта дар Душанбе мондам. Баъдан ба далели вазъи саломатиам барои барқароршавӣ (реабилитатсия) ба Амрико парвоз кардам”.

Муштзани машҳури тоҷикро ин ҳодиса сахт маъюс кардааст, чунки боиси лағви набарди барояш хеле муҳим шуд:  “Ҳайф, чунки ман то ин набард роҳи тӯлониеро тай карда будам, то ки ин мақомро ба даст оварда, кишварамро дар саросари ҷаҳон муаррифӣ кунам.  Мухлисон ҳар рӯз бароям менависанд, ки куҷо гум шудам? Ва ман ба мухлисон мефаҳмонам, ки ман куҷо “гум шудам”. Шукри Худо, ки зинда мондам. Ин ҳама мақому чизҳои дигарро боз метавонам ба даст биорам. Ҳатман саломатиамро барқарор карда, аз нав ба майдон мебароям ва аз шарафи кишварам ҳимоят мекунам”.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи ин ҳамла ба варзишгари машҳури тоҷик дар Душанбе ягон хабаре нашр накардаанд. Дар бораи кӣ будани ҳамлагарон ва рафти тафтиши ин парванда низ маълумоте то ба ҳол дастрас нест. Вале Меҳрубон Сангинов изҳори боварӣ кард, ки мақомот ин ҳамлагаронро  ҷазои сазовор хоҳанд дод.

 “Ана ҳамин хел, ман ба Ватан ба таътил рафтам”,– маъюсона гуфтааст Меҳрубон Сангинов. 

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Меҳрубон Маҳмудович Сангинов 3 феврали соли 1996 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Боксёри касбӣ, Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон. Аз соли 2017 – раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе.

Меҳрубон Сангинов аз соли 2011 дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ зери назари Мураббии шоистаи Тоҷикистон ва устоди варзиши СССР Парвиз Аҳмадов машқ мекард. Чандин бор қаҳрамони Тоҷикистон ва ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ гардида, аз соли 2016 ва асосан дар Амрико дар мусобиқаҳои бокси касбӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Моҳи сентябри соли 2017 Меҳрубон унвони қаҳрамони бокси ҷаҳон  дар байни ҷавононро тибқи фарзияи WBC ба даст овард. Моҳи январи соли 2021 Меҳрубон чемпиони WBA NABA ва тобистони соли 2022 чемпиони WBA America continental дар вазни миёна шуд. Меҳрубон Сангинов аз моҳи феврали соли 2021 дар вазни худ дар рейтинги WBA дар байни 15 муштзани аз ҳама қавӣ ҷой гирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button