ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНуқтаи назар

АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ: АРТИШИ ТОҶИКИСТОН БОЯД БО ДРОНҲО ҚАВӢ КАРДА ШАВАД

Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор), журналисти тоҷик ва мудири Китобхонаи Лоҳутӣ рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар як матлаб дар Фейсбук бо дарназардошти таҷрибаи ҷанги Русияву Украина, ки аҳамияти насли нави силоҳҳоро дар ҷангҳои муосир барҷаста кард, хостори бо ҳавопаймоҳои бесарнишини муосир (дронҳо) қавитар кардани иқтидори ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шудааст.

Ӯ менависад: “Таҷрибаи ҷанги Русия ва Украина нишон дод, ки дар замони муосир дрон ва ё тайёраҳои бесарнишин нақши ҳалкунанда доранд. Аз ин рӯ, бо назардошти ташдиди муносиботамон бо баъзе ҳамсоякишварҳо бояд ҳатман ниҳоди махсусе дар таркиби ҷузъу томҳои артиши кишварамон (фаразан ротаи дрончиён) созмон дода шавад.  Таъсиси факултаи “оператори дрон” дар донишкадаи ҳарбӣ низ аз манфиат холӣ нест. Мо гуфтем ва боз артишдорони аршад хубтар медонанд”.

Ин пешниҳоди Абдуқодир Талбаков мавҷи вокунишҳои гармро ба дунбол дошт. Аксари онро пешниҳоди бамаврид ва саривақту лоиқи дастгирӣ номида, пуштибонӣ кардаанд.

Аз ҷумла Ғайратчон Мухторов навиштааст: “Нуран ало нур мешавад! Баробари замон бояд ҳаракат кард!”  Aҳмад Акбаров низ бар ин аст, ки: “Дар ин вақтҳо бисёр ба пеш рафта, фикри дурандешӣ кардан даркор, Бисёр ба кас бовар накарда, ба ҳама ҳолат тайёр истодан муҳим аст, зеро дӯсти мо фардо душман мешавад”.

Ғаффор Амиров низ комилан мувофиқ буданаш бо назари Абдуқодир Талбаковро зикр карда, ин байти машҳури классиконро  ба  шакле дигар иқтибос овардааст ки: Бояд «зи таҷрибаи рӯзгор бахра гирифт, то дар дафьу рафьи ҳаводис кор диҳад.».

Анвар Мирбобоев менависад: Автомату пулемёт аз мӯд монд… Барномасозони компутар зуд паҳподрониро балад шуда метавонанд”.  Парвиз Саидов афзудааст, ки дар кафедраҳои ҳарбии Донишгоҳ, донишкадаи ҳарбӣ, мактаби олии КДАМ таъсис додан ва омӯзиш додани мутахассисони соҳа, айни муддаост!!!

Аъзамшох Шрговадӣ низ пешниҳодро хуб номида, бар афзудааст ки ”дар талоши сохтани дронҳои худӣ низ бошанд, чунки баъзе ҳамсоякишварҳо дрон мефурӯшанду истифодаи онро тавсия намекунанд))”. Манзури Шрговадӣ зоҳиран Эрон аст, ки ба Тоҷикистон додани дронҳояшро тасдиқ кард, вале як генерали баландпояаш ахиран гуфт, ки онҳо ба ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки зинҳор ин дронҳоро дар даргириҳои марзӣ ба зидди Қирғизистон истифода накунад.

Эрон қаблан гуфта буд, ки чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон хостори харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ шудаанд. Ҳамин тавр, моҳи майи соли ҷорӣ зимни боздиди генерал Боқирӣ аз Тоҷикистон, расонаҳои Эрон аз ифтитоҳи як корхонаи муштараки тавлиди паҳподҳои эронии навъи “Абобил 2” дар Душанбе хабар дода буданд. Вале ин бори аввал аст, ки як мақоми баландпояи Эрон алакай ба Тоҷикистон додани миқдоре аз паҳподҳоро тасдиқ мекунад.

Моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон даргириҳои хунине сар зад, ки аз ду тараф беш аз 140 кушта ва ҳудуди 750 захмӣ ба ҷо гузошт. Ҷониби Қирғизистон дар ҷараёни даргириҳо аз ҳавопаймоҳои бесарнишини туркӣ тамғаи “Байрақдор” зиёд истифода бурд ва дар ду ҳамлаи ин паҳподҳо дар ҷамоати Овчӣ Қалъача 18 сокини мулкӣ кушта шуданд.

Он рӯзҳо дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо аз мақомҳои ҳарбии Тоҷикистон мепурсиданд, ки он корхонаи муштараки тавлиди паҳподҳои эронӣ чӣ шуд ва чаро ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷанг бо Қирғизистон аз ин паҳподҳо истифода набурд?

Тавре қаблан хабар додем, генерал Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи ситоди кулли артиши Эрон рӯзи 9 ноябри соли 2022 дар як суҳбати телефонӣ бо вазири мудофиаи Қирғизистон Бахтибек Бекболотов омодагии Эрон барои мусоидат ба ҳалли сулҳомези баҳсҳои марзии байни Қирғизистону Тоҷикистонро изҳор дошт ва бо тасдиқи хабари ба Тоҷикистон додани паҳподҳо, ё ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ гуфт, ки ин дронҳои тамғаи “Абобил 2”  бесилоҳанду табиати таҳоҷумӣ надоранд. Аз сӯи дигар, афзудааст сарлашкари Эрон, мақомоти Ҷумҳурии исломӣ ба ҷониби Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ин ҳавопаймоҳоро зинҳор дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон истифода накунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button