ВидеоҶанг дар Украина

НИРӮҲОИ УКРАИНА ВОРИДИ ШАҲРИ ХЕРСОН ШУДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 11 ноябри соли 2022 артиши Украина вориди шаҳри Херсон шуд. Ин шаҳрро нирӯҳои Русия дар аввали моҳи март ишғол карда буданд, вале ахиран фармондеҳии артиши Русия қарор кард, ки нирӯҳояшро ба соҳили чапи дарёи Днеп интиқол диҳад. Ин ақибнишинӣ амалан ба маънои зери фишори ҳамлаи артиши Украина тақрибан бидуни ҷанг супурдани Херсон буд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки сокинони Херсон бо шодӣ нирӯҳои Украинаро истиқбол мегиранд. Ҳанӯз то вуруди сарбозони украинӣ, мардум дар Херсон парчамҳои Русияро канда, ба ҷои онҳо парчамҳои Украинаро барафрохтанд ва шиорҳо ба тарафдории Русияро канданд. Дар яке аз видеоҳо дида мешавад, ки сокинон ҳатто шиори машҳури таблиғотии «Россия здесь навсегда!» (“Русия инҷо то абад мемонад!”)ро канда истодаанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки алакай беш аз 30 ҳазор сарбозу тақрибан 5 ҳазор техникаи ҳарбиашро ба соҳили чапи Днепр интиқол додааст.

Қаблан фармондеҳони артиши Русия рӯзи 9 ноябри соли 2022 эълон карданд, ки нирӯҳои худро аз шаҳри Херсон ба соҳили чапи дарёи Днепр берун мекашанд. Фармондеҳи артиши Русия дар Украина Сергей Суровикин гуфт, “дар соҳили рости Днепр нигоҳ доштани нирӯҳо дигар маъно надорад”. Амалан ин ба маъноест, ки нирӯҳои Русия ба фишори ҳамлаи артиши Украина тоб наоварда, бидуни ҷанг Херсонро ба Украина пас месупоранд. Агар Херсон ба дасти нирӯҳои Украина гузарад, ин сеюмин шикасти бузурги Русия дар ҷанги Украина баъд аз нокомиашон дар роҳи фатҳи Киев, пойтахти Украина ва ақибнишиниашон аз вилояти Харков хоҳад шуд.

Фармондеҳи артиши Русия дар Украина, генерал Сергей Суровикин қаблан гуфта буд, ки вазъият дар ҷабҳаи Херсон хеле вахим асту  “қарори ғайриоддӣ”-ро талаб мекунад.  Рӯзи 9-уми ноябри соли 2022,  Суровикин дар ҷараёни ҳисоботаш ба вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, ки тариқи шабакаҳои телевизионии Русия намоиш дода шуд, Суровикин иброз дошт, ки “дар соҳили рости дарёи Днепр нигоҳ доштани хатти мудофиа ояндадор нест”. Аз ҳамин лиҳоз ӯ  пешниҳод кард, ки “барои ҳифзи ҷони сарбозон ва доштани хатти мудофиа қобили эътимод, бояд низомиёни рус қисмати рости дарёи Днепрро”, ки шаҳри Херсон аст, тарк кунанд.

Шойгу низ ба пешниҳоди генералаш розӣ шуда, фармон дод, то низомиёни рус шаҳреро, ки 30-юми сентябри соли равон Путин як қисми ҷудонашавандаи хоки Русия хонда буд, ба Украина таслим кунанд.

Шаҳри Херсон ягона маркази вилоят буд, ки Русия алакай рӯзи 2-юми марти соли 2022, яъне алакай як ҳафта баъди шурӯи ҳамла ба Украина (24-уми феврали соли 2022)  ишғол карднж.

Андрей Турчак, як мансабдори баландмақоми рус зимни боздид аз ин шаҳр гуфта буд, ки “Русия барои ҳамеша дар Херсон мемонад ва дар ин ҳеҷ ҷои шакке нест.”

Қарори ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани Херсонро Путин 2-юми октябри соли равон имзо карда буд. Аммо ҳамагӣ баъд аз ду ҳафта, фармондеҳи артиши Русия дар Украина, генерал Сергей Суровикин гуфт, ки дар пеш ӯро “интихоби вазнин” интизор аст ва ба тахлияи шаҳр оғоз кард.

Русия рӯзи 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқу манфиатҳои сокинони русзабони Донбасс ба Украина ҳамла кард ва дар моҳҳои аввал тавонист қисматҳои зиёде аз қаламрави Украинаро дар шарқ ва ҷануби он кишвар ишғол кунад. Вале баъдан пешравии нирӯҳои Русия мутаваққиф шуд ва моҳҳои ахир баракс ҳама шоҳиди ақибнишинии артиши Русия аз бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ишғолкардааш, аз ҷумла дар атрофи Киев, пойтахти Украина ва вилояти Харков шуданд. Дар ду моҳи ахир артиши Украина дар умум 48% хоки худро аз русҳо бозпас гирифтаанд. То имрӯз аз 90,8 ҳазор километри мураббае, ки русҳо ишғол карда буданд ба нерӯҳои Украина муяссар шудааст, ки 43,5 ҳазор километри мураббаъро баргардонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button