ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

БАРХӮРДИ “БМВ” БО ХАРАРОБА: ҲАЛОКАТИ 3 ЗАН ДАР 2 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ИСФИСОРУ АШТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 10-уми ноябри соли 2022 дар ду садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд се нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ҳудуди ҷамоати Исфисори ноҳияи Б.Ғафуров як мошини “Опел” ду зани пиёдагардро зада куштааст ва дар ҷамоати Меҳрободи ноҳияи Ашт мошини “БМВ” ба харароба бархӯрда, боиси марги зани аробакаш шудааст. Як рӯз аз ин пеш бар асари ба маркаб бархӯрдану сипас чаппа шудани як мошини “Опел” дар ноҳияи Восеъ як мусофири ин мошин ҷон бохта буд.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 10-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 17:40, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра», Қаробоев Муъминҷон Маҳмудович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Б.Ғафуров-Конибодом», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисор бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагардон Гадоева Башорат Қурбоналиевна, соли таваллудаш 1959 ва Гадоева Муслима Зафаровна, соли таваллудаш 2003, сокинони ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагардон Гадоева Б.Қ. ва Гадоева М.З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамон шоми 10-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи «БМВ», Убайдуллоев Соҳибулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Ашт-Хуҷанд», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, соҳиби харароба Набиева Орзу Ҷумановна, соли таваллудаш 1980, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин садамаи нақлиётии марговар бо иштироки маркабҳо дар роҳҳои Тоҷикистон аст. Қаблан  ВКД хабар дода буд, ки шаби 9-уми ноябри соли 2022, тахминан соати 22:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Акобирзода Аҳмиддин Саймеҳриддин, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар роҳи калони мошингарди ноҳияи Восеъ, бо суръати баланд ҳаракат намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши автомашинааш маркабро зада, якчанд маротиба тоб хӯрда, чаппа шудааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Ҳафизов Изатулло Маҳмадович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Танҳо дар як ҳафтаи охир дар 9 садама дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 14 нафар ҷон бохта, 9 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар умум, ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй додааст. Дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Худро ва азизони худро эҳтиёт кунед!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button